Зеҳн
Мизони давр

Китоби Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз се асар – "Васияти пеш аз марг", "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард" иборат буда, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ ва оқибати беэҳтиромӣ ба падару модарро инъикос менамояд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 78 саҳифа

ОилаҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Абӯалӣ бо рӯймолча арақи сарди сару рӯяшро пок кард, пас аз он тугмаи телефонро пахш кард. Баъд аз чанд дақиқа боз садои занги телефон баланд шуд. Ӯ ҷавоб надод ва телефони мобилиро хомӯш кард. Пас аз як дақиқа занги телефони идора садо дод. Абӯалӣ бо хаёлу хотираи мушавваш гӯшакро бардошт.

  • Ало, ало, – садои Бӯҳтонбоевро шинохту тез гӯшакро ба ҷояш гузошт.
    Боз занг такрор шуд. Телефони идораро ҳам хомӯш кард. Абӯалӣ худ ба худ фикр мекард, гургони фикру андеша гӯё қалбашро тала мекарданд. Шояд Бӯҳтонбоев аз ӯ узр мехоста бошад ва ё таҳдид карда, ҳиллаю найранги навбатиро ба кор бурданӣ бошад? Абӯалӣ ба соат нигарист, ақрабаки соат ба ёздаҳ наздик мешуд. Оҳи дардноке кашида, аз ҷояш хест ва ба ҳавлӣ баромад. Гурусна буд, аммо қатраи об ҳам аз гулӯяш намегузашт. Худро ғариб ва яккаю танҳо ҳис кард. Дар саҳни идораи прокуратура боғчае буд. Ба гӯшаи дури боғ рафта, дар болои курсии худсохти аз кундаи бед тайёркардаи посбон нишаст.
    Дар ҳамин вақт мошини сиёҳшишаи тамғаи "Мерседес"-и қиматбаҳои навбаромади хориҷӣ омада, дар назди даромадгоҳ истод. Ба пешвози "меҳмонон" Қаробоев Э. баромад. Аз даруни мошин Бӯҳтонбоев ҳамроҳи се нафар одамони қавиҳайкали ношинос баромаданд. Қаробоев Э. дар ҷойи Бӯҳтонбоев нишаст ва он се нафари ношинос ҳам боз дар мошин нишастанд. Бӯҳтонбоев аз беруни тирезаи мошин сарашро ба дохил андохта, чизеро тез-тез фаҳмонд ва шитобон вориди бино шуд. Аз паси ӯ ду марди ношинос ҳам шитобон аз дунболи Бӯҳтонбоев рафтанд.
    Абӯалӣ аниқ донист, ки гургони тездандон ба ҳуҷуми ғизол тайёрӣ дида истодаанд. Сели фикру хаёл ба сараш мерехт ва чӣ кор кардану барои раҳоӣ аз доми бало нақша мекашид. Ӯ худро дар паси буттаҳои калони настарану марминҷон, ки ба ҳам печида буданд, пинҳон карда, ҳар як ҳаракату гуфтугӯйи онҳоро бо телефони мобилӣ сабт мекард. Баъд аз ду-се дақиқа Бӯҳтонбоев бо ҳамроҳии он ду ношинос, ки ниқобҳояшонро аз сар мегирифтанд, аз дохили бино баромаданд. Овози онҳо кам-кам аз дур шунида мешуд, ки мегуфтанд:
  • Дараш маҳкам, ҳарчанд онро кӯфтем, касе ҷавоб надод. Ӯ ба куҷо рафта бошад?
    Касе дари мошинро кушода гуфт:
  • Куҷо меравад, ҳоло вақти хӯрокхӯрӣ пайдо мешавад. Агар наояд, ба осмон равад, аз пойҳояш мегирем ва гар бар замин фурӯ равад, аз гӯшҳояш дошта мекашем.
    Ин садоро Абӯалӣ шинохт, садои сардораш Қаробоев Э. буд. Мошин рафту Қаробоев Э. ба чор тараф назар карда, оҳиста-оҳиста вориди бино шуд.
    Абӯалӣ ба дафтари кориаш нарафт. Ӯ аз болои девори боғ ба берун ҷаст ва ба роҳи калон баромад. Мошинеро дошта гуфт:
  • Маро ба назди бозор баред!
пешина
аз 78
навбатӣ