Зеҳн
Мизони давр

Китоби Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз се асар – "Васияти пеш аз марг", "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард" иборат буда, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ ва оқибати беэҳтиромӣ ба падару модарро инъикос менамояд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 78 саҳифа

ОилаҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Абӯалӣ дар аввал инкор кард ва дар охир ба сараш чӣ фикре омад, ки гуфт:

  • Хошоков, ҳоло вақт надорам. Шаб, вақте ки бекор шудам, хонда мебароям. Парвандаро дар болои мизи назди ҷевон гузоред.
    Баъд аз соати 9-и шаб ба хондани парванда машғул шуд ва то соати 1-и шаб давом дод. Парванда гурӯҳи калони қотилону ғоратгарон ва нашъаҷаллобони 25 нафараро дар бар мегирифт. Дар қатори номҳои ин ҷинояткорон номи Бӯрихонов Шерматро бо тахаллуси "Шағол" дар чанд варақи парванда пайдо кард.
    Абӯалӣ акнун дарк кард, ки Шермати падарандараш қотилу ғоратгар, авбошу нашъаҷаллоби ашаддӣ будааст. Ӯ лаҳзаеро ба хотир овард, ки чандин сол пеш падараш Сабур ҳамроҳи амаки Ҳабибуллоҳ ба суроғаш омада буданд. Дар пеши чашмонаш Шермати қотил бо ду даст аз гиребони падари бемору бемадораш маҳкам дошта, аз худаш боло бардошта, сахт ба болои роҳи сангфарш ҳаво дод. Ба ин нигоҳ накарда, пояшро дар гулӯи Сабури нимҷони беёдшуда монда, зер мекард, аммо фарзандаш Акмал бетарафона ин манзараро назора мекард. Охир ӯ намедонист, ки ин марди маслули пӯсту устухонгашта падараш аст. Абӯалӣ аз дилу ҷигари сӯзон худро маломат карда мегуфт:
  • Дареғо, дар он вақт падарамро нашинохтам. Аз гиребони падар на Шермати қотил, балки ман дошта будам, ки бетарафӣ нишон додам. Гӯё шоир Нуриддини Амриддин ин шеърро дар ҳаққи ман гуфта бошад:
    Ҳайфи он дасте, ки гирад аз гиребони падар...
    (Лоиқ)
    Бишканад дасте, ки гирад аз гиребони падар, Хоки раҳ созад даме уммеду армони падар.
    Шод бодо он писар, к-аз рӯйи меҳру шафқаташ, Дар дами афтодагӣ гардад нигаҳбони падар.
    Бод лабрези фараҳ паймонаи ҷону дилаш, Ҳар куҷо оне, ки бошад худ ба паймони падар.
    Хонаи бахту тараб кошонаи ӯ мешавад, Чун ҳаме созад ҷадал бар хайру эҳсони падар.
    Давлати дунё насибаш мешавад дар зиндагӣ, Пос медорад агар ҳар резаи хони падар.
    Ҳар кӣ по бар ҷодаи некӣ дар олам мениҳад, Насли боровар шавад дар боғи армони падар.
    Гар камар бар хизматаш бандад чу фарзанди асил, Нӯши ҷонаш мешавад аз лутфи Ҳақ нони падар.
    Дасти ӯ гирад дар ин дунёву он дунё Худо, Он ки мегардад асо бар қадди ларзони падар.
    Қомати чун камону дасти ларзони падарро дидам ва надонистам, ки ин марди харобу лоғари пӯсташ шабеҳи коҳи зард сабабгори ҳастии ман дар ин дунёи гузарону фонӣ аст. Ҳоли табоҳашро дидаму дасти ларзонашро нагирифтам. Ин манзараи ғамангезтарин ҳеҷ гоҳ аз пеши назарам дур намешавад. Он ҳодисаро то ба охири ҳаётам фаромӯш карда наметавонам. Чӣ бояд кард? Коре кунам, ки васияти бобою падарам амалӣ шавад. Пас аз иҷро шудани васияти онҳо шояд ки арвоҳи бобою падарам аз азоби ҷаҳаннами Асфалассофилин (қабати аз ҳама даҳшатноктарини Дӯзах) озод шуда, ба Аъроф баргашта, каме шод гарданд. Ман бояд душманони падарамро ёбам. Акнун фаҳмидам, ки Шермати Шағол на фақат душмани падарам, балки ҷинояткори ашаддию душмани ватану миллат мебошад. Бояд ӯро пайдо кунам.
пешина
аз 78
навбатӣ