Зеҳн
Мизони давр

Китоби Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз се асар – "Васияти пеш аз марг", "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард" иборат буда, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ ва оқибати беэҳтиромӣ ба падару модарро инъикос менамояд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 78 саҳифа

ОилаҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Акмал каме ба фикру андеша фурӯ рафт ва сар бардошта гуфт:

  • Ин хел шахс устодам Ҳақдодов Ҳақпараст, лекин ӯ ба ман ёрӣ медода бошад?
    Субҳи рӯзи душанбе Акмалу Ҳабибуллоҳ бо иҷозат вориди дафтари кории устод Ҳақдодов Ҳақпараст шуданд. Баъд аз пурсу пос, Ҳабибуллоҳ қиссаи Собиру Сабур ва Акмалу Юлдузу Шермати Шағолро аз аввал то ба охир ба устод ҳикоя кард. Дар охир номаи падари Акмалро ба тарафи Ҳақдодов Ҳақпараст дароз карда гуфт:
  • Устоди меҳрубони ҳақиқатҷӯ, ин номаро хонед!
    Устод Ҳақдодов Ҳ. номаро бо диққат, аз аввал то ба охир хонд ва дар охир оҳи чуқуре кашида гуфт:
  • Акмалҷонро на шогирд, балки ҳамчун фарзанд меҳисобам. Чӣ коре, ки аз дастам ояд, барои ӯ дареғ намедорам.
    Устод Ҳақдодов Ҳ. аз болои ҳалномаи суди шаҳрӣ аз номи Акмалу Юлдуз ва худаш ҳамчун ҳимоятгар ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикояти кассатсионӣ навишт. Дар шикоят оварда шуда буд, ки фарзандхонии Бӯрихонов Улуғбек Шерматович ва Бӯрихонова Ойқиз Шерматовна аз тарафи Бӯрихонов Шермат бар хилофи моддаҳои 125, 126, 127, 128, 129, 130, 131, 133, 134, 136, 137-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бояд мувофиқи талаботи моддаҳои 140, 141, 142, 143, 145-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалномаи суди шаҳрӣ оид ба фарзандхондӣ бекор карда шавад. Дар вақти санҷиш маълум гардид, ки бе розигии падари ноболиғон ва тасдиқи он аз тарафи идораи нотариалии давлатӣ ва якчанд ҳуҷҷати тасдиқнашуда ҳалномаи судӣ бароварда шудааст.
    Бо кордонию ҳақпарастии устод Ҳақдодов ҳалномаи суди шаҳрӣ аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор карда шуд. Аз фурсат истифода бурда, дар асоси моддаҳои 58, 59-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни забон, бо талаби Акмалу Юлдуз ному насабашон низ тағйир дода шуд. Ному насаби Акмал ба Собирзода Абӯалии Сабур, ном ва насаби Юлдуз ба Собирзода Ситорабонуи Сабур дар ҳуҷҷатҳои ақди асноди шаҳрвандӣ сабт гардид.
    ФАЪОЛИЯТИ КОРӢ
    Абӯалӣ донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намуд. Ӯро ҳамчун таҷрибаомӯз ба шаҳри Бӯстон фиристоданд. Дар давоми ду соли корӣ ҳамчун ҳуқуқшиноси навкор, вале ботаҷриба бисёр ҷиноятҳои вазнинро кушод. Аз ҳамин сабаб ӯро яку якбора муовини прокурори шаҳри Бӯстон таъин карданд.
    Рӯзе муфаттиш як парвандаи калони ҷиноиро, ки зиёда аз ҳазор варақро дар бар мегирифт, ба назди Абӯалӣ овард ва илтиҷоомез гуфт:
  • Сардор, муддати зиёдест бо ин парвандаи ҷиноятӣ чандин муфаттишон санҷиш мебаранд. Солҳост, ки ягон кас муаммои ин парвандаро кушода наметавонад. Мумкин дар паси парда мансабдорони манфиатдори бонуфузе бошанд? Шумо инро хонда, ба ман як маслиҳат диҳед.
пешина
аз 78
навбатӣ