Зеҳн
Мизони давр

Китоби Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз се асар – "Васияти пеш аз марг", "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард" иборат буда, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ ва оқибати беэҳтиромӣ ба падару модарро инъикос менамояд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 78 саҳифа

ОилаҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Бо ин фикрҳо шаби дарозро рӯз кард. Саҳари рӯзи душанбе дар маҷлиси назоратии прокуратураи шаҳри Бӯстон Абӯалӣ даст боло карда, аз ҷояш хеста гуфт:

  • Муҳтарам прокурор, аз шумо як хоҳиш дорам. Парвандаи ҷиноятии №77-9-ро дар назорати ман вогузор кунед. Ман ҳамроҳи муфаттиш Хошоков оид ба кушода шудани ин ҷинояти вазнин як қувваозмоӣ мекунем.
    Прокурор табассуми тамасхуромезе карда, бо киноя гуфт:
  • Собирзода, ин кори осон нест. Солҳост, ки муфаттишони шуъбаи корҳои дохилию прокуратура чӣ амалиёту санҷишҳоеро накарданд, ин ҷиноятро кушода наметавонанду ту мекушоӣ?! Собирзода, ин дархости ту ҳамон зарбулмасали халқии "Аспро наъл карданд, қурбоққа ҳам пояшро дароз кардааст"-ро ба ёд меорад.
    Аз ин сухани таҳқиромези прокурор Қаробоев Э. дунё дар пеши чашмони Абӯалӣ гӯё чарх заду рӯзи равшан барояш торик шуд. Ӯ дақиқае карахт буд ва дар охир фикре дар сараш омад, ки шояд дар таги коса нимкосае ҳаст ва гулӯяшро афшонда гуфт:
  • Муҳтарам Қаробоев, кушода шудан ё нашудани ҳар як ҷинояти сабук ё вазнин ин ба кордонии шумо барин сардору ман барин муовину муфаттиш вобаста аст. Нафъи қурбоққаи ҳашароти зараррасонро несткунанда аз аспи лағатзани газанда барои ҷомеа беҳтар аст.
    Қаробоев Э. мушташро гиреҳ карда, бо зарбаи сахт ба миз зад ва бо ғазаб гуфт:
  • Собирзода, дар ҷоят шин! Хошоков, баъд аз анҷоми маҷлис ба назди ман даро!
    ГУРГ ДАР ПӮСТИНИ ГӮСФАНД
    Ҷамъомади назоратии назди прокурори шаҳр дер давом накард. Ҳамаи кормандон дафтари кории сардорро ғайр аз Хошоков Н. тарк карданд. Хошоков Н. чун муши дар об таршуда, ки дар назди гурбаи тездандон оҷизу нотавон мондааст, дар рӯ ба рӯйи Қаробоев Э. чун гунгу кар ларзида меистод. Қаробоев Э. бо чашмони танги бодомии суп-сурхаш ба сурату симои Хошоков Н. дергоҳ бо қаҳру ғазаб нигариста гуфт:
  • Ҳа, муши мурда, ту ҳам аз боварӣ баромадӣ! Ту танҳо ба ман итоат кун, на ба Собирзода! Кӣ гуфт ва чаро парвандаи №77-9-ро ба ӯ нишон додӣ? Туро ва Собирзодаатро аз кор сабукдӯш мекунам! Парванда ҳоло дар дасти кист?
  • Дар дасти Собирзода!
  • Оҳ, каждуми таги бӯрё, сирро ошкор кардӣ, гӯй! Як дақиқа ба ту, хоин, вақт! Баъд аз як дақиқа парванда дар рӯйи мизи ман бошад, вагарна чунон ҷазоят медиҳам, ки ҳаргиз то охири умрат фаромӯш нахоҳӣ кард!
    Хошоков Н. дар як мижа задан парвандаро дар болои мизи кории сардораш ҳозир кард. Қаробоев Э. парвандаро аз рӯйи миз гирифта, дар даруни сандуқи оҳанин (сейф) гузошта, дари онро қуфл карда гуфт:
  • Ҳой, Хошоков, ман хато кардам, ки ин хел парвандаи ҷиноятии хусусияти сиёсидоштаро боварӣ карда, ба ту барин нодони ахмақ додам! Акнун ин парвандаро худам тафтиш мекунам. Ин сирри давлатӣ аст. Агар ягон гапу сиреро тую Собирзодаат ошкор кунед, агар давлат ҳам шуморо ҷазо надиҳад, ман шуморо ҷазо медиҳам. Ҷазои сахттаринро ба шумо раво мебинам. Агар давраи Амир Олимхон мешуд, гӯшу бинию забонатонро бурида, дар кӯча сар медодам. Фаҳмидӣ, Хошоки қади роҳ!
пешина
аз 78
навбатӣ