Зеҳн
Мизони давр

Китоби Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз се асар – "Васияти пеш аз марг", "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард" иборат буда, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ ва оқибати беэҳтиромӣ ба падару модарро инъикос менамояд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 78 саҳифа

ҚиссаАдабиётОила
Аз аввал хондан

Оқибат Акмал ба ҳаёти мактаб-парваришгоҳ ва Юлдуз ба шароити хонаи кӯдакон одат карданд. Дар давоми як соли таҳсил Акмал бо дониши хубу аъло ва рафтори намунавӣ маҳбуби дили маъмурияту коллективи омӯзгорон ва ҳамсинфонаш гардид.
Баъд аз се сол бо хоҳишу талаби Акмал хоҳараш Юлдузро ҳам ба ҳамин мактаб-парваришгоҳ оварданд. Ду сол паиҳам дар синфҳои болоӣ Акмал дар озмуни (олимпиада)-и ҷумҳуриявӣ аз фанни таъриху ҳуқуқ ғолиб гардид ва дар охир мактаб-парваришгоҳро бо медали тилло хатм намуд. Юлдуз бошад, чун бародараш бо баҳоҳои хубу аъло ва рафтори намунавӣ хонданро давом дод. Ӯ низ дар озмунҳои минтақавию ҷумҳуриявӣ аз фанни биология ғолиб гардида, баъд аз якчанд сол мактаб-парваришгоҳро бо медали тилло хатм кард.
Акмал донишҷӯйи риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Юлдуз баъд аз се сол донишҷӯйи риштаи рагу дилшиносии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино гардиданд.
Дониш андар дил чароғи равшан аст, В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.
Ин ятимони бекасу кӯй ба панди Одамушшуаро амал карда, дар ҷустуҷӯйи қуллаи мурод буданд.
Акмал аз соли аввали таҳсил сар карда дар хондан ва иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ намунаи ибрати ҳамсабақону устодон ва сазовори таҳсини докторону профессорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гардид. Ӯро сардори гурӯҳ интихоб карданд. Дар вақтҳои таътил, чун дигар ҳамсабақонаш ба ҳеҷ ҷой намерафт. Охир, ӯ касе надошт, ба куҷо равад?! Аз деканат хоҳиш мекард, ки ба корҳои донишгоҳ ёрӣ расонад. Дар аввал гоҳ-гоҳ пинҳонӣ баъд аз дарсҳо омада мардикорӣ мекард, то ин ки қути лоямуте пайдо кунаду ба хобгоҳ ҳамроҳи рафиқонаш чизе барои хӯрдан барад.
Ҳамдарси Акмал, Фаридун ном ҷавоне аз шаҳри Қӯрғонтеппа ғамхору мададрасонаш буд. Падари Фаридун марди сарватманд буд, аз ҳамин лиҳоз хурду хӯроки Акмалро ӯ таъмин мекард. Дар ивази ин некиҳои Фаридун Акмал дар донишазхудкуниаш ёрӣ мерасонд. Адабиётҳоро ба ӯ дастрас мекард. Дар навиштани реферату корҳои курсӣ ёриаш мерасонд. Рӯзе дар вақти таътил Фаридун Акмалро ба хонаашон даъват намуда бурд. Як ҳафта онҳо ба корҳои хоҷагии падари Фаридун, ки ӯро Иброҳимбой меномиданд, ёрӣ расонданд. Хислату рафтор ва симову сурати Акмал ба аҳли хонадони Иброҳимбой писанд омад. Дар вақти бозгашт Иброҳимбой ба Акмал муроҷиат карда гуфт:

  • Акмалҷон, дар бораи хислатҳои неки шумо Фаридун нақл карда буд, бори дигар исботи онро худам дидам. Шумо ҳам ба мисли Фаридун чун фарзандам бошед. Дар корҳои илмии Фаридун ёрӣ расонед, ман ҳам шуморо ба қадри имконият кӯмак мекунам.
    Ҳар кӣ доно бувад, тавоно бувад, Ба дониш дили пир барно бувад.
пешина
аз 78
навбатӣ