Зеҳн
Мизони давр

Китоби Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз се асар – "Васияти пеш аз марг", "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард" иборат буда, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ ва оқибати беэҳтиромӣ ба падару модарро инъикос менамояд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 78 саҳифа

ОилаҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Маҳбусии Шермати Шағол дер давом накард. Ӯ дар маҳбас шароити хуберо аз сар мегузаронд ва худро шери маҳбас меномид. Ин сабаб дошт, сабабаш ёрии пасипардагии хоҷагони ноаёнаш буд. Ин хоҷагон (мафия) дар се давлати ҳамсоя амалиёт мебурданд. Шермат баъд аз се сол ба гурӯҳи маҳбусони афвшуда дохил шуд, ки ин ҳам як амали "хайр"-и хоҷагонаш ба ҳисоб мерафт. Аз маҳбас баромадан замон Шермат Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарк кард. Барои сирри хоҷагонаш ошкор нашудан бо шиносномаи нав, тағйири ному насаб карда, дар шаҳрҳои калони Русия, ба монанди Маскав, Санкт-Петербург ва Қазону Екатеринбург пайдо мешуд. Лекин дар урфият мегӯянд: "Дуздию ғарӣ – пушти саргини хар", яъне одами бадро бадӣ интизор аст. Худованд дар Қуръон сароҳатан моро аз хиёнат ва дағалкорӣ, ҳаромхӯрӣ ва дигар хислатҳои бадӣ наҳй кардааст. Чунончӣ Аллоҳ таъоло мефармояд: "Эй аҳли Имон, Худо ва пайғамбарро (с) хиёнат накунед ва низ амонатҳои якдигаратонро хиёнат накунед". (Сураи "Анфол": 27)
ҲАЁТИ ЯТИМОН ДАР ПАРВАРИШГОҲ
Падармурдаро соя бар сар фикан, Ғубораш бияфшону хораш бикан. Чу бинӣ ятиме сар афканда пеш, Мадеҳ бӯса бар рӯйи фарзанди хеш.
Ятим гар бигиряд, кӣ нозаш харад, Ва гар хашм гирад, кӣ бораш барад. Ба раҳмат бикун обаш аз дида пок, Ба шафқат бияфшонаш аз чеҳра хок...
Саъдии Шерозӣ
Дар асоси ҳалномаи суди шаҳри Душанбе, хулосаи шӯрои васояту парастории назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва қарори раиси шаҳри Душанбе ноболиғон, ятимони мутлақ Бӯрихонов Улуғбек Шерматович ба мактаб-парваришгоҳи ҷумҳуриявӣ ва Бӯрихонова Юлдуз Шерматовна ба хонаи кӯдакони №1-и шаҳри Душанбе фиристода шуданд.
Акмалу Юлдуз Ҳабибуллоҳу Мӯнисаро соҳиб ва волидони худ меҳисобиданд. Дар вақти аз хонаи Ҳабибуллоҳ бурдани ятимон аз тарафи намояндагони шӯрои васояту парасторӣ гӯё қиёмат қоим шуда буд. Акмалу Юлдуз аз домони Ҳабибуллоҳу Мӯниса бо ду даст дошта, чиррос зада зор-зор мегиристанду мегуфтанд:

  • Мо ҳеҷ кас надорем, ба ғайр аз Худову ин дӯстони падар. Моро дубора ятиму бесоҳиб насозед!
    Аз ин нолаву зории тифлакони ятим гӯё сангу чӯб, хоку гиёҳу дарахтони атроф менолиданд. Дар як замон порчаи абре пайдо шуду борон борид. Гӯё аз нолаи ҷонсӯзи ятимон Аршу Курсӣ, Замину Осмон ба ларза омада буд, ки раъду барқ наъразанон, абри осмон ашкрезон онҳоро ба ятимхонаи бесоҳибон гусел мекарданд. Гӯё Саъдии бузург мегуфт:
    Бигзор то бигирям, чун абр дар баҳорон К-аз санг нола хезад рӯзи видои ёрон. Ҳар к-ӯ шароби фурқат рӯзе чашида бошад, Донад, ки сахт бошад, қатъи умедворон. Бар сорбон бигӯед аҳволи оби чашмам, То бар шутур набандад маҳмил ба рӯзи борон. Бигзоштанд моро, дар дида оби ҳасрат, Гирён чу дар қиёмат, чашми гунаҳкорон...
пешина
аз 78
навбатӣ