Мизони давр

Китоби Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз се асар – "Васияти пеш аз марг", "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард" иборат буда, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ ва оқибати беэҳтиромӣ ба падару модарро инъикос менамояд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 78 саҳифа
Ҳамроҳи кормандони тиб ва милиса Дилшоду Фарҳод ва ду нафар ҳамсояи наздик то ба рӯз тафтишу тадқиқот гузарониданд. Кормандони тибу милиса вориди таҳхона шуданд ва диданд, ки онро обу гил пур кардааст. Дар болои қопчае ду ҷасад болои ҳам хобидаанд. Ҷасадҳоро ба берун бароварданд ва диданд, ки Шермат аз паси сар захмдор шуда, хуни зиёде талаф додааст, вале кам-кам нафас мекашад. Бо шитоб ӯро дар мошини ёрии таъҷилӣ ба беморхона фиристоданд. Ойгул бошад, сараш дар обу гил ғӯтта хӯрда, кайҳо дамгир шуда фавтидааст.
Тафтиш ду рӯз давом кард. Дар вақти тафтиш аз таҳхона зиёда аз 100 кг маводи сахттаъсири героин, дар як халтача гӯшвору ангуштарин, гарданбанду дастбанд, қуфли пешибару пешонибанди арӯсӣ, ки ҳама аз тиллою нуқраи холис иборат буд, ёфт шуд. Шермат ин гӯшвору ангуштарин ва дигар ашёҳои қиматбаҳоро дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ ҷамъ карда, соҳибони ин ашёҳоро бо тарзи ваҳшиёна ба қатл расонда будааст. Ба замми ин, аз як латтапеч ду дона туфангча (таппонча), се дона норинҷак ва як автомати Калашникову тирҳои бисёреро пайдо карданд.
Кормандони ҳифзи ҳуқуқ дари хонаро муҳр ва нигоҳубини онро то охири тафтишот ба зиммаи Дилшоду Фарҳод вогузор карданд.
ҚОТИЛ НАҶОТ ЁФТ
Баъд аз як рӯз Шермати қотил дар беморхонаи "Ёрии таъҷилӣ" ба ҳуш омад. Дар урфият мегӯянд: "Одами бад мурдан надорад". Ҳама аз одами бад безор аст ва ӯро дидан ҳам намехоҳад.
Баъди чанде Шерматро аз беморхона ба маҳбасхона оварданд ва санҷишу тафтишот давом мекард. Шермат ба гуноҳҳояш иқрор намешуд. Шоҳидони зиёдеро мепурсиданд. Акмалу Юлдузи хурдсолро муфаттиш дар ҳузури намояндаи мақомоти васояту парасторӣ борҳо аз сабаби сар задани ҳодиса, ки боиси марги модару бибияшон шуда буд, мепурсид.
Аз ин ҳодисаи мудҳиш Ҳабибуллоҳу Мӯниса хабардор шуданд. Онҳо ба маҳаллаи Кӯҳдоман омаданд. Акмалу Юлдузро аз хонаи Дилшод пайдо карда, аз кампири Фазилаю Дилшод хоҳиш намуданд, ки то ба охир расидани тафтишот кӯдаконро ба деҳа баранд. Ҳамин тавр ҳам шуд ва Акмал хонданро дар мактаби деҳа давом дод.
Тафтишот шаш моҳ давом кард. Шермат доимо як гапро такрор карда мегуфт:
- Ман Ойгулро накуштам. Модараш, Қундузой, ӯро кушт ва хост сонӣ маро бо лом зада кушад. Маро мурда пиндошт ва аз тарс дилкаф шуда мурд. Ин маводи мухаддиру яроқу аслиҳа ва тиллову нуқра аз ман нест, яъне ҳама аз ҳамин кампири Қундузой ҳастанд.
Муфаттиш такрор ба такрор мепурсид, ки дар муҳри бастаҳои маводи мухаддир номҳои "Бургут" ва "Зоғ" ва дигарон навишта шудааст. Соҳибони ин лақабҳо киҳоянд? Шермат ба ин саволҳо ҳеҷ ҷавобе намедод.
Хулоса, баъд аз санҷиши шашмоҳа Шермат бо мададу ёрии хоҷагонаш Бургуту Зоғ ҷазои сабук гирифт. Суд бо тасарруфи молу амвол ва хонаю ҳавлӣ Шермати Шағоли қотилро ба мӯҳлати 7 сол аз озодӣ маҳрум, бо реҷаи умумӣ маҳкум намуд. Агар мушкили Шерматро хоҷагонаш, Бургуту Зоғ ва дигарон осон намекарданд, Шермат метавонист онҳоро аз паси парда берун бикашад ва он гоҳ ин се-чор нафар бо гурӯҳи калони нашъаҷаллобон, ки якеҳо дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва дигарҳояшон дар Федератсияи Русия буданд, ошкор мегардиданду суди байналмилалӣ ба кори онҳо машғул мешуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор