Зеҳн
Мизони давр

Китоби Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз се асар – "Васияти пеш аз марг", "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард" иборат буда, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ ва оқибати беэҳтиромӣ ба падару модарро инъикос менамояд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 78 саҳифа

ОилаҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ин вазъиятро дида, кампиру ду тифли ҳаросон аз дунболи Ойгул ба тарафи таҳхона давиданд. Шермат Ойгули бегуноҳро дар даруни обу гил чун муши ба доми гурба афтода мехелид. Аз шиддати қаҳру ғазаб ӯ ҳеҷ чизро ҳис намекард ва аз паси гардани Ойгул дошта, рӯяшро ба обу гили болои бастаҳои хокаи сафед ғӯтонида мегуфт:

  • Эй лаънатӣ, ин моли мардум буд, миллион сомонӣ арзиш дошт! Акнун маро мекушанд! Дод аз дасти шумо, лаънатиҳо! Ман ба "Бургут" чӣ ҷавоб медиҳам?!
    Дар ҳамин вақт Шермат зарбаи сахтеро паси сараш ҳис кард ва беёд шуда болои Ойгул афтод. Ин зарба на ҷони Шермат, балки ҷони Ойгулро ба ҷонофарин супурд. Вақте ки Шермат ба болои сари Ойгул афтод, ӯ дамгир шуда ҷон дод. Қундузой ин корро барои наҷоти ҷони духтараш карда буд, лекин зарбаи ломи оҳанин ҷони азизи духтарашро рабуд. Қундузой ин ҳолатро дида, ба берун давид ва дилаш ба задан даромаду ба замин афтода дар они воҳид ҷон дод. Акмалу Юлдуз аз сӯзи дилу ҷигар, тарсу ҳарос, чун гунҷишку чӯҷагони ба доми мор афтода чиррос мезаданд.
    Соат аз нӯҳи шаб гузашта буд. Аз он нолаҳои ҷонгудози тифлони бегуноҳ ҳамагон огоҳ шуданд. Аввалин касоне, ки ба имдодашон расиданд, Дилшоду Фарҳод буданд. Дар баробари вориди ҳавлӣ шудани Дилшод Акмалу Юлдуз чиррос зада, чун мурғакони парсӯхтаю парканда бо тарсу ҳарос худро дар канори онҳо гирифта, дир-дир меларзиданд. Аз чашмони варамидаашон қатраҳои ашк чун ҷӯйча равон буд. Дилшод бо ҳайрат ба атроф нигариста гуфт:
  • Чӣ ҳодиса рӯй дод?
    Акмал (шоҳиди фоҷиаи мудҳиш) медонист, ки Шермат падараш нест. Аз ҳамин сабаб ӯ ба тарафи таҳхона ишора карда, ларзону гирён, канда-канда гуфт:
  • Қотил кушт! Кушт!
  • Киро кушт?
  • Модарамро! Бибиямро!
    Дилшод кӯдаконро ба зани ҳамсоя, Меҳрона, ки аз паси онҳо омада буд, супориду ба Фарҳод ишора кард ва ҳарду бо шитоб ба тарафи таҳхона давиданд. Дар баромадгоҳи таҳхона кампири Қундузой рӯ ба замин мехобид. Дар як мижа задан, гӯё аз осмон одам борида бошад, ки ҳавлӣ пур аз зану мард шуд. Модари Дилшод, кампири Фазила, ҷасадро ба пушт гардонда, се маротиба "Аллоҳ, Аллоҳ, Аллоҳ" гуфта чашмони Қундузойро бо ангуштонаш молида, пӯшонд ва манаҳашро бо дока баст.
    Ҳамаи ҳамсоягон аз ин ҳодисаи ногаҳонӣ чӣ кор карданашонро намедонистанд. Фақат ҷасади кампирро медиданд. Дар дохили таҳхона чӣ ҳодисаи мудҳише рӯй додааст, касе огоҳ набуд. Дилшод ба худ омад ва ба Фарҳоди дӯсташ хитоб карда гуфт:
  • Фарҳодҷон, тез ба милиса ва духтур хабар деҳ!
    Баъд аз 30 дақиқа мошини ёрии таъҷилӣ ва милисаи бисёре аввал хонаро иҳота карда, баъд мардумро як ба як аз назар гузаронида аз ҳавлӣ берун карданд. Кампири Фазила ятимонро ба хонааш бурд.
пешина
аз 78
навбатӣ