Зеҳн
Мизони давр

Китоби Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз се асар – "Васияти пеш аз марг", "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард" иборат буда, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ ва оқибати беэҳтиромӣ ба падару модарро инъикос менамояд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 78 саҳифа

ОилаҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Панҷ шабонарӯз аз Шермат на пай буду на ҳайдар. Аввали моҳи апрел буд. Бегоҳӣ шамоли сахт вазид ва соатҳои 9-и шаб чунон борону жола борид, ки аз ҳайбати он касе ба берун нигоҳ карда наметавонист. Барқ хомӯш шуд. Сели калон аз болои теппа ба маҳаллаи Кӯҳдоман, ба тарафи хонаи Шермат ҷорӣ шуд. Ҳавлиро обу гил пур кард ва ба тарафи таҳхонаи "махфӣ"-и Шермат ҷорӣ гардид. Пагоҳӣ тамоми мардуми маҳалла ва дигар маҳаллаҳои шаҳри Душанбе ба ёрӣ омаданд. Обу гилро аз ҳавлии Шермат тоза карданд. Ҳамсоягон хостанд, ки обу гили таҳхонаро ба воситаи мошини оташхомӯшкунӣ кашида, ба берун партоянд. Қундузой ва Ойгул аз тарси Шермати Шағол иҷозати кушодани қуфлро надоданд. Ёриомадагон аз ин рафтори соҳибхонаҳо дар ҳайрат монданд. Фақат Дилшод, кимчиро ҳис кардагӣ барин, ангушти ишора ба чаккаи сар бурду худ ба худ чизе гуфта, сир бой надод. Дилшод медонист, ки ин пирамард ғоратгар, қотил ва авбоши гузаро аст. Ӯ ҳам ҳамроҳи ҳамсоягон аз ҳавлии Шермат дур шуд.
Аз миён се рӯзи дигар гузашт. Ҳоло ҳам бӯйи нофорами сел аз ҳавлию хонаҳои маҳалла дур нашуда буд. Соатҳои 8-и бегоҳӣ ногаҳон дарвоза кушода шуд ва Шермат тез-тез қадам монда, вориди хонаи дарун, ки дар он ҷо аҳли оила хоб буданд, даромад. Дохил шудан замон гуфт:

  • Аз ин ҳавлӣ бӯйи нохуши чизе меояд, тенҷӣ аст? Ман дар Панҷакент будам, телефон карданд, ки дар Душанбе борони сел боридааст. Корамро ба анҷом нарасонда баргаштам.
    Шермат мунтазири ҷавоб нашуда, чун саги бӯйгир бӯй мекашид ва бӯйи ба худ ошноеро ҳис мекард. Ба сараш чӣ фикре омад ва ба зану модарарӯсаш бо ҳаяҷон хитоб карда гуфт:
  • Ба таҳхона ҳам обу гил даромада буд?
    Ойгул бо тарсу ларз чизе гуфтанӣ буд, ки забонаш гирифт. Шермат дод зада гуфт:
  • Тезтар гап занед, ба таҳхона обу гил даромада буд ё не?
    Қундузой дид, ки духтараш аз тарс маҷоли гап задан надорад, худ гуфт:
  • Писарам, Шерматҷон, худи шумо гуфта будед, ки ба қуфли таҳхона касе наздик нашавад. Аз тарси шумо мо нагузоштем, ки касе ба дари таҳхона наздик шавад.
    Аз ин суханони пиразан хун дар сари Шермат зад ва ба тарафи таҳхона давид.
    КУШТОР ДАР ТАҲХОНА
    Шермат ҳарчанд калидҳоро меҷуст, аз шитобкорӣ намеёфт. Ногаҳон табару ломро дар ошхона пайдо кард. Ба зудӣ дар ва қуфли онро бо лому табар зада шикаст ва вориди таҳхона шуд. Обу лой то ба миён мерасид. Ӯ чизеро даст-даст карда кашида, як бандча баровард ва ҳуш аз сараш парид. Бастаи хокаи сафеди селофанпеч, ки онро калламуш кайҳо сӯрох карда будааст, ба хоку гил якҷоя шуда буд. Аз ин ҳолати ногувор солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба ёдаш омаду раги хунхориаш ҷӯш зад. Ба тарафи хона давид ва аз мӯйҳои Ойгул дошта, кашолакунон ба таҳхона бурд. Ойгул доду фарёд мекард ва ҷони худоӣ гӯён, имдод металабид, вале касе ба додаш намерасид.
пешина
аз 78
навбатӣ