Мизони давр

Китоби Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз се асар – "Васияти пеш аз марг", "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард" иборат буда, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ ва оқибати беэҳтиромӣ ба падару модарро инъикос менамояд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 78 саҳифа
ҚиссаАдабиётОила
Аз аввал хонданШермат ба тарафи Ойгул бо ғазаб нигарист:
- Қанчуқи душавҳара, боз ту забон баровардӣ? Аз рӯзе, ки шавҳаратро дидӣ, дар дилат алов афтодааст. Агар як бори дигар аз чи кор карданам ва ё ба куҷо рафтанам ба касе хабар диҳӣ ва ё савол диҳӣ, сарата бо табар аз танат ҷудо мекунам, фаҳмидӣ?!
Аз ин суханони шавҳар зан чӣ гуфтанашро надониста, чун ҳайкал ба замин чашм дӯхта истод. Шермат паст наомада илова кард: - Тез аз назарам дафъ шав, беваи душавҳара!
Ойгулро нафасаш дар гулӯяш дармонда буд. Бо азобе сулфида, калавида-калавида ба хонаи дарун даромад ва дар кунҷаке нишаста, сарашро бо ду даст дошта, дарун-дарун, чун ангишти кони "Сайёд" месӯхт. Модари Ойгул, Қундузой, аҳволи духтарашро дида, ба назди Шермат омада гуфт: - Домодҷон, ба Ойгул сахт наоед, бе ин ҳам ӯ бемору дилшикаста ва бе падар калон шудааст.
Аз ин сухани кампир Шермат боз ба ғазаб омад ва аз чашмони танги буммонандаш оташ дурахшиду чун гурги ба хашм омада, ба тарафи Қундузой мушташро нишон дода гуфт: - Ҳой аҷуза, ту ҳамроҳи духтарат аз дунболи ман ҷосусӣ мекунед? Дирӯз қуфли таҳхонаро кӣ тоб дода буд, ки қариб шикастааст?!
Кампир ларзида ҷавоб дод: - Писарат Улуғбек бо бачаи ҳамсояамон Дилшод мех-чабозӣ карда, қуфлро тоб додаанд. Ойгул хабардор шуд ва онҳоро аз назди дари таҳхона берун кард.
Шермат гуфт: - Улуғбеки какан (фарзанди аз паси зан омадаро чунин меноманд) ҳоло бо бачаи душмани ман, бачаи Дилшод ҷӯра шудааст гӯй?! Маълум, ун бачаро падараш Дилшод ба ҷосусии хонаи мо фиристодааст. Агар як бори дигар ягон кӯдак ё калонсолро бинам, ҳамаатонро аз ин хона дафъ мекунам! Ин хона дигар ба тую духтарат тааллуқ надорад. Ман бо розигии тую духтарат ҳуҷҷатҳои хонаро ба номи худам ба расмият даровардам. Метавонам шуморо аз ин хона пеш кунам!
Бо шунидани ин суханон дили кампир ба таппиш даромад ва ба тарафи хона ларзида-ларзида ҳаракат карда, дар пеши духтараш, Ойгул, рӯй ба замин афтиду беёд шуд. Шермат аз хона баромада рафт. Модару духтар гирёну нолон бо ду тифли ноболиғ тамоми шаб хоб нарафтанд.
Соатҳои дуи шаб оҳиста дарвоза кушода шуд. Аз тарс Ойгулу модараш чароғро нагиронда, оҳиста пардаи тирезаро каме яктарафа карда, ба берун нигаристанд. Шаб он қадар торик набуд. Мошини тамғаи "ГАЗ-24" вориди ҳавлӣ шуд. Шермати ронанда ва як нафар шахси ношинос вориди таҳхона шуданд. Аз таҳхона, дар се халтаи начандон калон чизеро бароварда, ба дохили мошин ҷой карданд. Ҷобаҷокунии халтаҳо се соат давом кард. Қарибиҳои субҳ мошин ба ҳаракат даромаду садои баста шудани дарвоза ба гӯш расид. Модару духтар акнун фаҳмиданд, ки ба доми аждаҳои ҳафтсар афтодаанд. "Амали бадро подоши бад интизор аст", – мегуфтанд модару духтар хиёнати дар ҳаққи Собиру Сабур кардаашонро ба ёд оварда, мегиристанду афсӯс мехӯрданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор