Мизони давр

Китоби Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз се асар – "Васияти пеш аз марг", "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард" иборат буда, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ ва оқибати беэҳтиромӣ ба падару модарро инъикос менамояд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 78 саҳифа
Бикӯшед то ранҷҳо кам кунед, Дили ғамгинон шоду беғам кунед.
Маро марг беҳтар аз ин зиндагӣ, Ки солор бошам, кунам бандагӣ.
Ҷаҳон саргузашт аст аз ҳар касе, Чунин гунагун бозӣ орад басе.
Ҳар он кас ки зод ӯ зи модар, бимурд, Зи дасти аҷал ҳеҷ кас ҷон набурд.
Фирдавсӣ
Алвидоъ! Алвидоъ, эй дунёи кушоду равшан, вале барои ман тангу торик! Алвидоъ, эй дӯстони қиёматӣ!".
Баъди номаро ба пуррагӣ қироат намуданам, онро ба рӯймолча печонида, дар ҷайбам пинҳон кардам.
Аз бозор суфи сафед харида, бо ёрии чор нафар пирамарди бепарастор кафан тайёр намудем ва ҷасади Сабурро дар гӯристони теппаи Роҳатӣ гӯрондем. Баъди хатми сураи "Мулк" мулло ба атрофиён, ки ҳамагӣ ҳафт нафар буданд, чун анъана савол дода пурсид:
- Худораҳматии Сабури ғарибаки бесоҳиб чӣ гуна одам буд?
Дар сари қабр будагон ба ҳам нигариста, ба саволи мулло ҷавоб дода натавонистанд ва сар ҷунбонда, китф дар ҳам кашида, пароканда шуданд. Аз сабабе, ки мулло ба саволи анъанавии худ ҷавоб наёфт, зери лаб ғур-ғур карда гуфт: - Мардумон мегӯянд, ки ин ҷавони бадбахт дили падарашро шикаста будааст, яъне зидди хоҳиши падар амал карда, ба ин аҳволи бад гирифтор шудааст.
Маро ба дили фиғор мапурс ҳеҷ, Аз қолаби бемадор мапурс ҳеҷ. Умрам ба сар омад аз ғами танҳоӣ, Эй шоҳиди гулгузор мапурс ҳеҷ.
Ёре ки ҷафо кунад, аз он ёр чӣ суд?! Гар ҳур бувад – бувад ситамгор чӣ суд?! Умре натвон дар ӯ накӯкорӣ кард, З-он умри дарози носазовор чӣ суд?!
Роҳи деҳаи Навободро пеш гирифтам, ёдгории Сабури нокомро мувофиқи васияташ, ки аз як пора нони хушке, ки осори изи дандонҳояш дар вақти газида хӯрдан дар он нақш баста буд, ҳамроҳи ду номаю 7 сӯм пули садақа кардаи худам ба акои Ҳабибуллоҳ дода гуфтам: - Эй инсони хуб, ҳамсояи нағзи беҳ аз хеши дури бобои Собири шикастадилу Сабури ноком! Ин сарвату ёдгории ӯро ба фарзандонаш Акмалу Юлдуз расону аз аҳволу саргузашти бобою падарашон қиссаҳо кун.
Чашмам зи ғамат ҳамеша хун мегиряд, З-андозаи хештан бурун мегиряд. Бар чашмаи дил чу чашми ман об намонд, Гардида тиҳиву сарнагун мегиряд.
АЗОБУ ШИКАНҶАИ ФАРЗАНДХОНШУДАГОН
Баъд аз омадани Сабур ба назди зану фарзандонаш хислату рафтори Шермат бо тахаллуси "Шағол" тамоман дигаргун шудан гирифт. Шабу рӯз фикр карда, нақша мекашид, ки сирру асрор ва кирдорҳои содиркардааш дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ ошкор нагардад. Ӯ бештар аз ҳамсоягон, хусусан аз Дилшод, ки ҷавони оқилу фозил ва мушкилкушою далери маҳаллаи Кӯҳдоман буд, хавф бурда метарсид. Вақтҳои охир як рӯзу ду рӯз ногаҳон ғайб мезад ва рӯзе Ойгул аз шавҳараш тарсида-тарсида пурсон шуда гуфт: - Отайи Улуғбекҷон, вақтҳои охир тамоман тағйир ёфтаӣ. Ба куҷое равӣ, ба мо намегӯӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор