Зеҳн
Мизони давр

Китоби Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз се асар – "Васияти пеш аз марг", "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард" иборат буда, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ ва оқибати беэҳтиромӣ ба падару модарро инъикос менамояд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 78 саҳифа

ҚиссаАдабиётОила
Аз аввал хондан

Баъди адои дуо, каме чой нӯшидаму ба мошин савор шуда, ба аёдати Сабур равон шудам. Дар роҳ худ ба худ меандешидам, ки ба ӯ чӣ гӯям ва ӯро ба куҷо барам?
Дар даромадгоҳи парваришгоҳ маро сардор пешвоз гирифта, ғамгинона гуфт:

  • Бародари азиз, бемори овардаат вафот кард!
    Ҳамроҳи сардор вориди ҳуҷраи Сабур шудем. Духтурон ҷасади ӯро дар сони сафеде печонда, манаҳашро ба тори сар баста буданд. Лекин аз кунҷи лабонаш хуни сурх ҷорӣ шуда, хушкида буд. Сардор рӯймолчаи бастаеро ба ман дароз карда гуфт:
  • Ин рӯймолчаро аз таги болинаш ёфтем. Ӯ қарибиҳои соати панҷи субҳ ногаҳон вафот кард.
    Рӯймолчаи бастаро дар иштироки сардор кушодам, дар он як порча нони хушку ду коғази номашакл печонида шуда буд. Яке аз коғазҳо куҳна буду дигараш сафеди тоза. Номаи куҳнаро кушода, дурудароз мутолиа кардам. Ин ҳамон номаи навиштаи бобои Собир буд, ки пеш аз маргаш ба писари беному нишон гумшудааш Сабур навишта буд. Номаро қат кардаму номаи нав навиштаро кушода хондам, ки дар рӯйи нома чунин сатрҳо иншо гардида буд:
    "Эй инсон, эй фарзанди одам, ба ҳурмати Худои бузург дар ҳаққи мани бадбахт, як некӣ кун. Агар ҳамин ду нома ба дастат афтад, албатта, бурда дар деҳаи Навобод, ба дасти акои Ҳабибуллоҳ деҳ ва он гоҳ рӯҳи ман шод мешавад".
    Номаро кушодаму сатрҳои дохили онро хондам, ки чунин навишта шуда буд:
    "Ҳазоронҳазор раҳмати Худованд бар Шумо бод, эй акои қиёматӣ, Ҳабибуллоҳ ва эй янгаи ғамхор, Мӯниса!
    Илоҳо, монанди шумо инсонҳои комилро Худованд дар рӯйи замин бисёртар кунад, ки дасти бечорагону дардмандон, корафтодагону ятимонро бигиранд. Шумо ҳамсоя не, падару модари ман ҳастед ва аз ҳама сирру асрори ману падарам, хонадонамон огоҳед. Аз ҳамин сабаб, пас аз марг ҳам умедамро ба шумо мебандам. Умед дорам, ки баъди ба камол расидани Акмалу Юлдуз, ин номаҳоро ба онҳо мерасонеду саргузашти талхи ману падарамро ба онҳо саросар нақл мекунед, то ки қисмати талх дар авлоди мо меросӣ нагардад. Ман афюн хӯрда, худкушӣ мекунам.
    САЗОИ САРИ ОҚИ ПАДАР
    Акои Ҳабибуллоҳ, дунёи кушод барои ман тангӣ кард. Дар ин олами паҳновар барои мани бадбахт ҷой нест. Бемории ман хавфноки гузаранда аст. Аз ҳамин сабаб намехоҳам, ки инсони дигареро бадбахт кунам ва дар куҷо зистан, бо кӣ зистанро намедонам. Ҳама аз ман ҳазар мекунанд ва аз ман дурӣ ҷуста фирор менамоянд. Барои ману ҷамъият ва атрофиён маргам беҳтар аст, зеро ки худам аз азоби алим халос мешаваму атрофиён аз ману бемориям дигар намеҳаросанд. Ҳабибуллоҳ, агар фарзандонам аз шумо пурсанд, ки падарамон чӣ гуна кас буд, бигӯй, ки мурғе нуҳуфта дар қафас буд.
пешина
аз 78
навбатӣ