Зеҳн
Мизони давр

Китоби Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз се асар – "Васияти пеш аз марг", "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард" иборат буда, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ ва оқибати беэҳтиромӣ ба падару модарро инъикос менамояд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 78 саҳифа

ОилаҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Дорам диле аз нола кашидан оҷиз, Бемори ғам асту аз тапидан оҷиз. Дар буттаи ғам агар чӣ садбарг гудохт, Чун оби гуҳар аз чакидан оҷиз.
Ин аҳволи зори Сабурро дида, аз ғазаби Худованди ҷаббор метарсидам, зеро ки ман ҳам падари бемори 90-сола дорам, ки зиёда аз даҳ сол мешавад, бистарист. Дар давоми ин даҳ сол, мумкин боре, хизмати ӯро бо сабаби кору бори зиндагии дунёӣ ба тезӣ иҷро накарда бошаму ӯ аз ман ранҷида бошад. Худоё, дар қалби падари пири беморам раҳму шафқати падариро ҷой кун, то ки ӯ аз ман наранҷад ва биҳилам (афв) карда, гуноҳҳои содиркардаамро бахшад. Аз он метарсам, ки дар айёми ғурури ҷавонию нодонӣ, дар талаби ҷою мансаб, молу сарват, хизмати волидайнро ба хубӣ иҷро карда натавонистам. Акнун, ки умр ба ҷое расидааст, пушаймону дар гумон ҳастам, ки бо рафтору гуфтор ва кирдори худ дар саҳифаҳои сафеди қалби падару модари хеш, чӣ нақшҳои сиёҳеро кашидаам, инро худи эшону Худованди дилогоҳ медонад. Аз он метарсам, ки фардо рӯзи қиёмат, паҳлуи тарозуи аъмол бо хатҳои кашидаи сиёҳ дар қалби волидон вазнинӣ накунад.
Ҳайф аз нафасе, ки толиби ҷоҳ шудем, Ғофил бигузашт, аз ӯ на огоҳ шудем. Гирем ба худ чӣ гуна мо номи накӯ? Бо нафси амора ёру ҳамроҳ шудем.
Баъд як миқдор пул бароварда ба ӯ додам, то ки барои харидани дорую дармон сарф кунад.
Сабур пулҳоро гирифта шумурда, дар рӯймолчае печонду дар таги болин пинҳон кард ва дар чашмони бенури фурӯрафтааш бори дигар ашк ҳалқа зад. Ӯ хост, ки ба ман изҳори миннатдорӣ кунад, лекин аз ҳаяҷон суханаш дар гулӯяш гиреҳ заду маҷоли сухан кардан надошт. Дар ҳамин вақт сулфаи дурударозе пайдо шуду дергоҳ оромаш нагузошт.
Ман гуфтам:

  • Хайр, паноҳат бар Худо, то рӯзи душанбе!
    Ӯ ба сӯйи ман нигоҳи имдодталабонае карда, бори дигар гирён шуда гуфт:
  • Бародар, ҷонамро даст гир, ки ғайр аз Худо касе надорам ва дар ин дунёи кушод намеғунҷам.
    Баъди видоъ бо Сабур дар давоми як ҳафта, ҳамаи парваришгоҳу табобатгоҳ ва идораю вазоратҳои масъули шаҳри Душанберо давр зада баромадам. Дар ҳар идораю вазорати масъули бепарасторон аҳволи Сабурро муаррифӣ кардаму ҳуҷҷатҳои лозимаи ӯро, яъне таърихи беморияшро (история болезни) нишон додам, онҳо танҳо як суханро такрор мекарданд: "Бемории Сабур Собирович куҳнаи хавфноки гузаранда аст. Ҳатто ӯро дар беморхонаи Мачитон хобондан ҳам мумкин нест".
    Ман худ ба худ андешида савол дода мегуфтам: "Ин тавр бошад, барои Сабури оқи падар дар ин дунё дигар ҷой нест. Мумкин ӯ бо худ аз кишвари Русия бемории хавфноктарини дунё ВИЧ – СПИД-ро оварда бошад?".
    Баъди як ҳафта, субҳи содиқи рӯзи душанбе, пас аз адои намози бомдод, дергоҳ ба фикри дар куҷо ҷой кардани Сабурро андешидаму ба Худои мушкилкушо муноҷот намуда, дуо карда гуфтам: "Бор Худоё, ту ҳакимӣ, доноӣ, мушкилкушоӣ, ба ҳурмати Пайёмбари барҳаққат ҳазрати Муҳаммад (с) ва ҳамаи пирони тариқати Хуфия, Ҷаҳрия, Ишқия ва Кибрия, мушкили Сабури гӯлу гумроҳи роҳгумкардаро осон намо. Худоё, хатою гуноҳ кардани мо бандагонат, аз ҳазрати бобокалонамон Одам (а) ба мо мерос мондааст. Охир, ӯ ба васвасаи шайтони раҷим дода шуду аз дарахти гандум тановул намуд ва худат, эй Худованди бузурги кирдугор, ӯро аз биҳишти абадӣ рондӣ. Парвардигоро, ҷони пуразобашро гиру ӯро аз маҳбаси ин дунёи пурзаҳмат озод намо, ки дар ин олам ғайр аз ранҷу заҳмат, дарду бало дигар чизеро надид. Худоё, яке аз исмҳои аъзаму бузургат Ғафур аст. Умед аз он дорам, ки ҳамаи он гуноҳҳои содиркардаашро афв намоию яке аз даричаҳои биҳиштро ба рӯяш бикшоӣ. Охир, Сабур подоши мукофоти амалҳои зишташро дар ин дунёи буқаламун (рангоранг) кашиду пушаймон гардида, тавбаи насуҳ кард. Дигар барои ӯ дар ин дунёи кушоду паҳновар ҷой нест, Холиқо, мағфираташ кун, омин!
пешина
аз 78
навбатӣ