Зеҳн
Мизони давр

Китоби Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз се асар – "Васияти пеш аз марг", "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард" иборат буда, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ ва оқибати беэҳтиромӣ ба падару модарро инъикос менамояд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 78 саҳифа

ОилаҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳамчун қарзи инсонӣ дар назди Холиқи арзу само, аз бағали Сабур дошта, ба мошин савораш кардам. Аз сабабе ки вазифаи котиби масъули шӯрои васоят ва парастории назди Ҳукумати шаҳри Ваҳдатро ба ӯҳда доштам, ӯро рост ба хона-парваришгоҳи пиронсолону бепарасторони шаҳрчаи Роҳатӣ овардам.
Афсӯс, ки умр сарфи беҷо кардем, Сармояи худ ба ҳеҷ савдо кардем. Не ҷойи иқомату на рӯйи гаштан, Ҷуз бод ба дасти хеш расво кардем.
Бо сардори хона-парваришгоҳи пиронсолону бепарасторон, ки марди дилогоҳи фарҳангӣ аст, дергоҳ суҳбат намуда, шарҳи ҳоли Сабурро ба қадри ҳол фаҳмонда додам. Сардори ҳалиму дилсӯз розӣ шуд, ки ӯро ба ин макон қабул намояд. Ӯ духтурро ҷеғ зада, супориш дод, ки Собиров Сабурро аз назорати тиббӣ гузаронида, баъд дар ҳуҷраи дунафара барояш ҷой тайёр кунанд.
Духтур Сабурро ба ҳуҷраи кориаш даъват карда, қариб як соат бо ӯ суҳбат намуда, ҳуҷҷатҳояшро аз назар гузаронида, баъд аз муоинаи тиббӣ ба назди ману сардор омада гуфт:

  • Ин бепарастор ба бемории сили гузаранда мубталост ва сониян, ӯ хеле парешонхотиру асабист. Мо ӯро ҳамроҳи ягон бепарастор хобонда наметавонем, зеро ки беморияш ниҳоят хавфноку гузаранда аст, бо тезӣ ба дигарон мегузарад. Мо шароити табобати ин намуд бемориро надорем ва ҳақ ҳам надорем, ки ӯро дар хона-парваришгоҳи пиронсолону бепарасторон хобонем.
    Сардор нафаси ҷуқур кашида, маънидорона сӯям нигарист. Гуфтам:
  • Сардор, суханони духтур ҳақ аст, аммо мо мусулмонему мусулмонзодаем, қоидаю қонунҳои ҳақиқию абадӣ ва башардӯстӣ дар каломи Аллоҳ, яъне Қуръони азимушшаън ба пуррагӣ дарҷ шудааст. Наход ки мо хилофи он рафтор кунему мурдаи ин муслими бахтбаргаштаро дар кӯча монем ва ҷасади онро сагону паррандагон пора-пора карда бихӯранд?! Илтимос, ба ҳурмати Офаридгори кулли махлуқот ва Пайғамбари барҳаққаш, охирин маротиба некии ҳақиқию қарзи инсониро ба ҷой оварда, ӯро ақаллан як ҳафта, то рӯзи душанбеи оянда, дар хонаи алоҳида ҷой диҳед. Ман дар ин муддат барои ӯ ҷой пайдо мекунаму гирифта мебарам.
    Сардор то дергоҳ ба андеша фурӯ рафта, пас духтурро ҷеғ зада, ӯро розӣ кунонд, ки то рӯзи душанбеи оянда барояш ҷой тайёр кунад. Ман ба назди Сабур омада гуфтам:
  • Сабур, то рӯзи душанбе дар ҳамин ҷо хоб мекунӣ, баъд аз шаҳри Душанбе барои ту ҷойи мувофиқ меёбам.
    Ӯ бо ҳасрат нигариста, базӯр табассум карда гуфт:
  • Ҳазоронҳазор шукри Аллоҳ, ки ба монанди акои Ҳабибуллоҳу занаш янгаи Мӯниса, шахсони некхоҳ дар дунё будаанд. Садҳо ташаккур, бародари азизу ғамхор. Илтимос, барои мани бадбахт шумо заҳмат накашед, зеро ки зиндагӣ барои ман дар ин дунёи пурғавғо маъние надорад ва худ аз ин зиндагии тоқатнофарсо безор шудам.
пешина
аз 78
навбатӣ