Мизони давр

Китоби Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз се асар – "Васияти пеш аз марг", "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард" иборат буда, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ ва оқибати беэҳтиромӣ ба падару модарро инъикос менамояд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 78 саҳифа
Забон дорам, вале гуфтор надорам, Ба ғам дармондаам, ғамхор надорам. Агарчи солим аст ин ҳарду поям, Рафиқон, қуввати рафтор надорам.
Ба хонаи Ҳабибуллоҳ баргашта, чор рӯз бемори бистарӣ шуда, хобидам ва рӯзи панҷум каме ба худ омадаму бо ҳамроҳи ин ҳамсояи вафодорам ба беморхонаи Мачитон омадам. Ҳашт моҳ мешавад, ки дар ин ҷо хобам, ҳолам ба ҷойи беҳбуд ёфтан бадтар шуда истода аст, зеро пул надорам, дорую дармон қимат...
Имрӯз аз беморхона ҷавобам додаанд, куҷо, ба назди кӣ равам, намедонам. Дар гирдобу чорсӯи зиндагӣ дармондаам. Бародарон, чӣ кор кунам?!
Шайтон зи хато ноқису малъунтар аст, Ҳар кас, ки хато кард, зи иблис бадтар аст.
Рӯзи сиёҳе бар сарам, Умре гадои ҳар дарам, Сад арза дорам дар бағал, Бар кӣ диҳам, бо кӣ барам.
ДАР ИН ДУНЁ БАРОИ МАН ҶОЙ НЕСТ?!
То кай ғами бешумор мебояд хӯрд? Заҳробаи рӯзгор мебояд хӯрд. Чун лола барои хештанороӣ, Хуни дили доғдор мебояд хӯрд!
Дар баробари шунидани қисмати талхи Сабур ғам дар дилам хона карду ашк дар чашмонам ҳалқа зад. Дергоҳ дар баҳри андешаҳои дуру дароз ғарқ шуда, дар охир ба соҳил баромадам ва қудрати суханронӣ надоштам, зеро ки ғурбату ҷабр, ҷафои дунёи башарӣ дар гулӯям гиреҳ зада буд.
Пас аз лаҳзае ба худ омадаму оҳиста ва меҳрубонона гуфтам:
- Сабур, ғам махӯр, магар намедонӣ, ки бузургон фармудаанд:
Аз ноумедиҳо басе умед аст, Поёни шаби сияҳ сафед аст.
Иншооллоҳ, шифо ёфта, ҷойи зист ҳам меёбӣ, ҳеҷ кас дар кӯча намондааст.
Ӯ дар ҷавоб гирён шуд ва ғамгинона ҳасрат кард: - Бародари ғамхору мушфиқ, шаби сиёҳи ман поён надорад ва дарди бедавоямро дармон нест. Дишаб хоб дидам, ки дар лаби ҷарии бепоёне овезонам ва бо як даст буттаеро медорам, то ки ғелида ба таг наафтам. Дар ин ҳангом худораҳматии падарам пайдо шуд ва фиғон бардошта нолидам. Дилаш ба ҳоли мани зор сӯхт ва гирён шуду дасташро дароз кард. Мехост, ки наҷотам диҳад, аммо ногаҳон занам Қундузой бо ҳамроҳи модараш пайдо шуда, пеши роҳи падарамро гирифтанд. Дар ин вақт, дастам аз бутта хато хӯрд ва ба қаъри ғори бетаги торик афтодам. Аз болои ҷарӣ садои падарам меомад, ки мегуфт:
"Сабурҷон, писарам ман туро наҷот доданӣ будам. Охир, ту ба гуфтаи ман амал намекардию ба хоҳиши зану модарарӯсат аробаи зиндагиро мекашидӣ! Аз ҳамин сабаб онҳо бо хоҳиши худ туро ба ин ғори бетаг гуселониданд. Ман чӣ кор кунам? Дилам ба ҳоли зори ту месӯзад, вале аҳволи мани гӯл аз ту беҳ нест. Хайр, ҳеҷ гап не, ба наздикӣ бо ҳам вомехӯрем" гуфта буд, ки аз хоб бедор шудам.
Пас аз ду соати хоби дидаам сардухтури беморхонаи шаҳраки Мачитон омада, ҷавобам дод. Аз ин хоби дидаам, яқин медонам, ки аз умри ман рӯзҳои ба шумор мондааст. Ман аз марг наметарсам, зеро ки кулли махлуқи зоянда миранда аст. Ман аз он метарсаму дар даҳшатам, ки чӣ тавр ва бо кадом азоб Малакулмавт ҷони маро қабз мекарда бошад?! Аз он метарсам, ки ҷойи зист надорам, дар куҷо, дар кадом кӯча ё лаби ғору даруни ботлоқе мемурда бошам?! Ман аз он шарм медорам, ки дар он дунёи абадӣ назди Худою Пайғамбар, падару модар чӣ ҷавоб медода бошам?! Забон мегашта бошад, ки дар даруни қабр ба саволҳои Накиру Мункар аз амалҳои хеш ҷавоб диҳам? Аз он дар даҳшату ҳаросам, ки ҷисму ҷони маҳзуни ларзонам ба азобҳои ҷаҳаннами Асфалассофилин тоб меоварда бошад?! Ку падари ғамхору модари меҳрубон, ку хоҳару бародар ё зану фарзанд, ки дар вақти ҷон додану мурданам, дар сари болину турбатам бошанд, то ки мурдан ба ман каме осонтару арзон шавад?! Кӣ дар сари турбати ман навҳа кашида, оҳу фиғон мебардошта бошад?! Кӣ маро аз баҳри Худо бо ду метр суфи сафед кафан мекарда бошад?! Пояи тобутамро сароғоз кӣ бардошта ба сӯйи манзили охират мебурда бошад?! Кӣ дар ҳаққи мани бесоҳиб як коса обу як пора нонро садақа медода бошад? Оҳ бародаре, дар қалби маҳзуну ҷигари сӯхтаи реш-реши худ ҳазорон саволҳои "кӣ, кӣ"-ю, "чӣ, чӣ" дорам ва онро пурра гуфта наметавонам. Ҳамаи ин саволҳои ҳасратиро дар дили хеш ба хоки хунуки сиёҳ мебарам, зеро ки ба дарду қалби маҳзуни ман касе малҳам шуда наметавонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор