Мизони давр

Китоби Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз се асар – "Васияти пеш аз марг", "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард" иборат буда, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ ва оқибати беэҳтиромӣ ба падару модарро инъикос менамояд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 78 саҳифа
ОилаҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан- Ҳой лаънатиҳо, чӣ ҳуқуқ доред, ки дар рӯзи равшан хонаамро ғорат мекунед, милиса ҷеғ мезанам…
Ин ҷавони паҳлавон, гиребони Ҳабибуллоҳро низ аз дасти ин аҷуза раҳо карда, ҳардуи моро пеш-пеш карда, то маркази шаҳр овард ва насиҳат карда гуфт: - Шумо медонед, ки ин пирамард кист? Номаш Шермату тахаллусаш "Шағол", яъне Шермати Шағол номаш мебаранд. Ӯ дар вақташ аъзои фаъоли яке аз тарафҳои даргири ҷанги шаҳрвандӣ, аз тарафҳои Турсунзода буда, падараш туркнажоду модараш эроннажод аст, яъне дурага мебошад. Аз дасти ӯ ҳар кор меояд, қатли одам барояш кори осону анъанавист. Эҳтиёт шавед. Ӯ бебаҳра, безурёт аст, аз ӯ фарзанд намешавад, аз ҳамин сабаб Ойгулро ба занӣ гирифта, фарзандонатро бо қарору ҳалномаи суд, фарзандхонд карда, ному насабашонро ба ному насаби худаш ба расмият дароварда, барои онҳо шаҳодатномаи таваллуд гирифтааст. Ном ва насаби фарзанди калоният Акмалро, ки бо фарзанди ман дар синфи 4 мехонад, дар журнали синфӣ дидам, ки чунин сабт шудааст: Бӯрихонов Улуғбек Шерматович, лекин ном ва насаби духтаратро намедонам.
Ин ҷавони некхоҳ, ки номашро баъд ба мо муаррифӣ кард, Дилшод будааст, илова карда гуфт: - Духтаратон дар боғча мебошад, биёед пинҳонӣ рафта, як маротиба ӯро бинеду ба тезӣ аз шаҳр баромада равед, ки Шермат, чун шағол аз паятон афтодааст, ки аз ӯ ал-ҳазар…
Ҳарсеямон ба боғчае, ки Юлдузхон он ҷо тарбия мегирифт, рафтем. Аз мураббия хоҳиш кардем, ки Собирова Юлдузхон Сабуровнаро ба мо нишон диҳад. Мураббия гуфт: - Мо ин хел духтарчаро бо ин хел ному насаб тарбия намекунем.
Дилшод журнали гурӯҳро талаб кард. Дар ҳақиқат, ин хел ному насаб дар журнал сабт нашуда буд. Дар ҷойи ин ному насаб, ному насаби дигареро Дилшод ба мо нишон дод, ки чунин сабт гардида буд: Бӯрихонова Ойқизхон Шерматовна. Мо ҳарсеямон аз мураббия хоҳиш намудем, ки Ойқизро ба наздамон биёрад. Дар аввал ӯ розӣ нашуд, баъд аз бист сомониро ба кафи дасташ часпондан, чун мум нарму ҳалим гардида, ӯро ба наздамон овард.
Оҳ фарзанд, чӣ қадар ширин аст. Дилам таҳ кашид, қариб буд, ки бе ёд шавам, ӯро ба оғӯш кашида, бӯсидам. Ӯ худро аз ман дур гирифта, ба гиря сар кард ва худро аз дастам раҳонида гурехта рафт. Пас мураббия гуфт: - Ойқиз мегӯяд, ки падарам дар Русия вафот кардааст. Модар ба ҷойи ӯ падари нав, Шерматро аз бозор харидааст.
Дар баробари дар ҳаққам шунидани ин суханони дилрешкунандаи таҳқиромез ба замин нишаста, зор-зор гиристам. Ба ҳоли зори ман раҳми Дилшоду Ҳабибуллоҳ ва мураббия омада, ашки чашмонашонро пок карда, дилбардориям мекарданд. Ба ин зарбаҳои ҳалокатовари зиндагӣ маризиам даҳчандон авҷ гирифт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор