Мизони давр

Китоби Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз се асар – "Васияти пеш аз марг", "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард" иборат буда, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ ва оқибати беэҳтиромӣ ба падару модарро инъикос менамояд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 78 саҳифа
Донишу рафтори неки Акмал мушкилоти иқтисодии ӯро ҳал кард. Худову Пайғомбар (с) бандагони хушахлоқу илмдӯстро хор намедоранд. Агар он банда аз сидқ дуо кунад, Худованд дуои ӯро иҷобат мекунад. Чунон ки ҳазрати Шайх Саъдӣ дар "Маҷолиснома"-и худ меорад: "Оре, ҷавонмардо, аз сидқ ибодат кун, муноҷот намо, ашки пушаймонӣ аз қалби сӯзон ба дидаи гирён равона соз, ки даргоҳи раҳмат беканор аст. Ҳақ таъолои макону замон огоҳ аз сирру асрори ниҳони дили ҳар инсон аст".
Акмал шабона, пеш аз субҳи содиқ аз хоб хеста ду ракъат намоз мехонд ва аз бенавоию бесоҳибии худу хоҳараш Юлдуз ба даргоҳи Худованд дасти дуо бардошта, бо қалби сӯзону чашми гирён муноҷот ва дуо мекард. Худованд аз оҳи дили ятимон доимо бохабар аст, ки ӯро ризқрасону пуштибонеро дар мисоли Иброҳимбой сабаб гардонид. Баъд аз ин Акмал аз мушкилоте, ба монанди хурду хӯрок, либос ва асбобу анҷоми хониш азоб намекашид. Ҳар як санҷишу имтиҳонро бо баҳои аъло месупорид. Дар озмуну маҳфилҳои илмӣ иштирок ва баромад мекард. Корҳои илмияш дар рӯзномаю маҷаллаҳои даврӣ нашр мегардид.
ОГОҲӢ АЗ НОМАИ ПАДАР
Аввали моҳи март Акмал ба кори дипломӣ дар мавзӯи "Роҳҳо ва усулҳои кушодани ҷиноятҳои вазнини хусусиятҳои трансмиллӣ дошта" тайёрӣ медид. Ӯ адабиёти илмии зиёдеро ҷамъоварӣ карда, шабу рӯз машғули мутолиаю навиштан буд. Шабҳо то соатҳои ду сари ин кори илмияш шабзиндадориҳо мекашид. Субҳи рӯзи 9 март декани факулта Холиқов К. ба Акмал занг зада гуфт:
- Бӯрихонов Улуғбек Шерматович шумоед?
Акмал пайхас кард, ки ин овози Холиқов К. аст, гуфт: - Бале, устоди муҳтарам, ин манам!
- Улуғбек, пагоҳ соати 10 ҳамроҳи профессор Ҳақдодов Ҳақпараст ба "Шабакаи аввал"-и телевизион меравед ва дар мавзӯи "Қонун, инсон ва ҷомеа" баромад мекунед. То пагоҳ адабиёт ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро хонда, хуб тайёрӣ бинед.
Акмал ба фикр фурӯ рафт, ҳазору як хаёл ва ёди рӯзҳои гузашта дар майнааш чарх мезаду кимчи хел ҳиссиёти нофаҳмое дар дилаш пайдо шуд. Гӯё гургони шубҳаву гумонҳои нофаҳмо қалбашро тала мекарданд. Ҳайрон буд, ки чаро ному насабашро тағйир додаанд. Ҳамон ному насаби давраи кӯдакиаш ба ӯ писанд буд. Чаро имрӯзҳо ӯро на Собиров Акмал Сабурович, балки бо ному насаби дағали ноошно, яъне Бӯрихонов Улуғбек Шерматович нидояш мекунанд. Ба ҳар ҳол Акмал барои баромад кардан тайёрии пухта дид. Субҳи 10-уми март ҳамроҳи устодаш профессор, доктори илми ҳуқуқ Ҳақдодов Ҳақпараст вориди утоқи банаворгирии "Шабакаи аввал"-и телевизиони Тоҷикистон шуданд.
Соати 21-и шаби 11-уми март Ҳабибуллоҳу занаш Мӯниса бо фарзандонашон дар гирди дастархон саргарми суҳбат буданд. Ногаҳон наттоқи оинаи нилгун меҳмонони шабакаро муаррифӣ карда, ном ва насаби ба Ҳабибуллоҳ каме шинос, яъне донишҷӯйи курси панҷуми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ғолиби чандин озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ Бӯрихонов Улуғбек Шерматовичро гуфтан замон аҳли оила хомӯш гардида, бо диққат ба оинаи нилгун нигаристанд. Дар аввал баранда ва профессор 10 дақиқа бо ҳам саволу ҷавоб карданд. Навбат ба донишҷӯ расид. Баранда савол дода гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор