Зеҳн
Мизони давр

Китоби Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз се асар – "Васияти пеш аз марг", "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард" иборат буда, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ ва оқибати беэҳтиромӣ ба падару модарро инъикос менамояд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 78 саҳифа

АдабиётОилаҚисса
Аз аввал хондан
  • Ако, борхалтаатонро ба ман диҳед. Ба куҷо меравед, бурда мерасонам, – аҳволи зорамро дида гуфт нафаре. Ин ронандаи таксӣ буд, ки риштаи тахайюлоти маро канда парешон кард.
  • Ман он қадар пули бисёр надорам, ки то деҳаи Навобод баред, – гуфтам ба ронандаи таксӣ.
  • Майлаш, чӣ қадаре ки ҳиммат кунед, аз рангу намудатон маълум аст, ки шуморо дар роҳ ғорат кардаанд.
    Сир бой надода, ба таксӣ нишаста, роҳи деҳаи кӯҳиро пеш гирифтем. Ба зодгоҳи азизу хоки поки ватан наздик мешудам, давраҳои ҷавониям ба ёд меомад. Диёри мардум, ғарибӣ чӣ даҳшате дорад. Мардум беҳуда намегуфтааст, ки "гов дар диёри мардум гӯсола аст". Ватани азиз барои марди ғарибгаштаи ҷафокашида, ки баъди ҷудоиҳои тӯлонӣ ба он бармегардад, чӣ нашъаю кайфияте дорад. Ҳар як буттаю дарахт, кӯҳу пушта, ҷӯйю дара ва сангҳои сари роҳи зодгоҳам Навобод, бароям шиносу азиз буд. Зеро даврони тиллоии умр кӯдакию наврасиямро дар ҳамин ҷойҳои муқаддас гузаронидаму аз нашъаи гуворои боду ҳавои кӯҳистон нафас кашида, лаззат бурда будам. Фарзанди эркаи падару модар будаму чӣ будани ғаму дард ва меҳнату заҳмати дунёро намедонистам. Ба дарахти чормағзи яккаи назди деҳа наздик шудаму солҳои кӯдакиям ба ёд омад, ки ҳамроҳи падар рӯзҳои навбати пода, дар сояи ин дарахти чормағзи азим нисфирӯзӣ истироҳат мекардем.
  • Орзу дорам, ки туро хонандаи Қуръон кунам ва пас аз он ба ягон мактаби олӣ дохил шавию инсони комил гардӣ, пас бимирам, дигар муроду ормоне дар дил надорам, – насиҳаткунон мегуфт падарам.
    Ин орзуҳои амалинагаштаи падар ба ёдам омаду дилам таҳ кашида, худ ба худ аз кору кирдорам шарм кардам ва санги пушаймонию маломат бар сар мезадам. Писарчаам, Акмалҷони дӯстрӯяку духтарчаам, Юлдузхони хандонакро хеле пазмон шуда будам. "Дар баробари ворид гардидан ба хона, аввал падари азизамро ба оғӯш кашида, мебӯсаму сонӣ бахшишу афв металабам. Акмалҷону Юлдузҷонро ба сари китфонам бардошта, гирд-гирди ҳавлиямон метозам. Ойгулҷонро бошад, шоду хурсандаш намуда, узри гуноҳонамро аз ӯ мехоҳам", – ба дил меандешидам.
    Ногаҳон, садои ронанда, гӯё аз хобу хаёлҳои ширин бедорам кард:
  • Ако, хонаатон дар куҷои деҳа ҷойгир аст? Сар бардошта, ба атроф назар афкандам, ки хонаамон аз дур намоён шуд.
  • Дар назди ҳо ана ҳамон дарвозаи сабзи кӯҳна истед! Мошин дар назди дарвоза истоду як борхалтаро ман, борхалтаи дигарро ронанда бардоштем. Ӯ борхалтаи дар дасташ бударо оҳиста ба китфаш гузошт, ба фикрам хаёл кард, ки дар ин борхалтаҳо чизҳои қиматбаҳо ҳаст. Намедонист, ки либосҳои кӯҳнаи хонагию кориро аз бӯстонсаройи Белла Годунова ҷамъ карда, бо худ овардаам. Ронанда пешдастӣ карда, дарвозаро кушода, садо баланд кард:
пешина
аз 78
навбатӣ