Мизони давр

Китоби Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз се асар – "Васияти пеш аз марг", "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард" иборат буда, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ ва оқибати беэҳтиромӣ ба падару модарро инъикос менамояд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 78 саҳифа
ОилаҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан- Бобои Собир! Ҳой бобои Собир! Зани миёнсоли фарбеҳи сиёҳҷурдаи лӯлиандом дари хонаро кушод ва бо қавоқҳои гирондаи ғазаболуд гуфт:
- Ҳа, ҳа, чӣ гап, оё ту девона-певона нестӣ мегум, охир ту худат кӣ ва чӣ мегӯӣ?
Ронанда аз ин суханони нешдори зан ҳайрон шуда, бо нармӣ гуфт: - Янга, шумо ба Сабур кӣ мешавед? Бобои Собирро гӯед, ки писараш аз Русия баргаштааст.
Овози ғазаболуди зан аз пештара дида, баландтар шуд: - Нагуфтам, ки ту кадом як девонаӣ, девона набошӣ, намедонӣ, ки бобои Собират кайҳост, ки дар қабристон хоб асту писараш Сабур дар Маскав беному нишон гардидааст.
Дар баробари шунидани ин суханон, борхалта аз дастам афтиду худ якпаҳлӯ ба замин афтода бе ёд шудам. Чӣ қадар вақт гузаштааст, намедонам. Ҳангоме ба ёд омадам, ки дар меҳмонхонаи ҳамсояамон хобаму Ҳабибуллоҳу занаш Мӯниса дар болои сарам истодаанд. Сар бардошта, ба Ҳабибуллоҳу занаш бо изтироб нигаристам. - Ҳамсояҳо, падарам канӣ, зану фарзандонам ба куҷо рафтанд, он зан дар хонаи мо чӣ кор мекунад?
Фурсати ҷавоб гардондани онҳо нашуда, тез-тез онҳоро саволборон мекардам. Ба ҳоли зори ман раҳми Ҳабибуллоҳу занаш Мӯниса омад, ки онҳо гирён шуда бо нармию дилсӯзӣ гуфтанд: - Сабурҷон, ором шав, хез каме чой нӯш, аз роҳи дур омадаӣ, гурусна ҳастӣ, ҳеҷ гап нест, ҳамааш хуб аст.
Хеста, ба болишт такя карда, нишастам. Дар як они воҳид дастархон густурда шуд, гурусна будам, аммо аз гулӯям об намегузашт. Тамоми ҳушу хаёлам ба забону гуфтори ҳамсоя банд буд, ки ба саволҳои ман чӣ хел ҷавоб мегардонда бошад. Ин ҳолати маро онҳо пайхас карда буданд: - Сабур, ба тақдири Худо тан деҳ, шукру сабр кун, ки зинда будаӣ. Падарат дар орзуи дидори ту дунёро падруд гуфт. Баъди марг аз зери болинаш ана ин "Васиятнома"-ро ёфтем, ки бароят ба ёдгорӣ гузоштааст, – гуфта, онро ба ман доданд.
Номаи падарро чун тӯмор бӯсида, ба дидагон мемолидаму такрор ба такрор мехондам ва санги маломат бар сар зада, зор-зор мегиристам. Баъди гиряву нола ва оҳу фиғони тӯлонӣ каме ба худ омада, сабук шудам ва ба акои Ҳабибуллоҳ бори дигар бо тааҷҷуб савол додам: - Дар хонаи мо он зани бадгуҳари бегона чӣ кор мекунад?
- Вақте ки падарат аз дори дунё гузашт, дар хонаатон як тини пучак ва ҳатто як метр суфи сафедро барои кафан кардани ҷасадаш ёфт карда натавонистем. Хоҳаронат ҳамроҳи шавҳаронашон, пас аз марги падарашон омаданд. Онҳо дар назди муллою раиси маҳалла изҳор карданд, ки нони хӯрданӣ надоранд, барои харҷи маросимҳои дафну худоиҳо ягон тин кӯмак карда наметавонанд. Дар шоҳидии мулло Талбак ва хоҳаронат акои Каттахӯҷа сесаду панҷоҳ сомонӣ бароварда, дар болои маит (мурда) партофт ва мулло дуо кард. Бо ҳамин маблағ харҷи маросими дафнро раиси маҳалла акои Каттахӯҷа худаш гузаронид. Баъди гӯронидани падари раҳматият, акои Каттахӯҷа мулло Талбакро ба хона оварда, дар шоҳидии хоҳарону язнаҳоят мероси падаратро тарака карданд. Пас аз марг молу сарвати падарат ғайр аз ҳамон хонаи зисташ дигар чизе набуд. Меросхӯрон танҳо ҳарду хоҳаронат ба ҳисоб мерафтанд ва туро мурдаи бе ному нишон гуфта, шаҳодат дода буданд. Мулло Талбак бо маслиҳати Каттахӯҷа, хонаро 1000 доллари амрикоӣ нарх монда, ба бародари Каттахӯҷа Валӣ, бо ҳамин нарх фурӯхтанд. Пули хонаро акои Каттахӯҷа дод, охир ӯ бо бародараш дар як хона, хонаи аз падарашон меросмонда, якҷоя мезистанд. Зани Валихӯҷа, зани шаттоҳи ҷанҷолӣ буд, аз ҳамин сабаб, Каттахӯҷа, ҳарчӣ тезтар мехост, ки аз ҷангу ҷанҷоли занҳо халос шаваду хонаи калони падар танҳо аз они ӯ шавад. Ҳамин тавр ҳам шуд. Хабари фурӯхтани хона ба гӯши зану модарарӯсат ба шаҳри Душанбе рафта мерасад. Онҳо баъди маросими ҳафти падарат, бо ду се нафар авбошони роҳзан (рекетҳо) шабона омада, ҳаққи Акмалу Юлдузхон гуфта, 500 доллари пули хонаи фурӯхташударо аз дасти хоҳаронат зӯран кашида гирифта, ғайб заданд. Панҷсад доллари боқимондаро хоҳаронат гирифта, байни ҳамдигар тақсим мекунанд ва ҳамин пулҳоро роҳкиро карда, ҳамроҳи шавҳаронашон ба кишвари паҳновари Русия мераванд, ки то ба ҳол аз онҳо на пай ҳасту на ҳайдар. Мо, то чилрӯзагии рӯзи вафоти худораҳматӣ ҳамроҳи Мӯниса, дар роҳи Аллоҳ душанбегию ҷумъагияшро карда, ду-се ҳамсояро ҷеғ зада, дар ҳаққаш дуои хайр мекардем. Дар маросими рӯзи чил бузғолачаеро хун карда, даҳ-понздаҳ одамро даъват кардему мулло Талбак оят хонд. Баъд аз он росташро гӯям, аҳволи зисту зиндагониям вазнин шудан гирифт, дигар дар ҳаққаш ҳеҷ кореро ба сомон расонида натавонистем. Аз байн чандин сол гузашта бошад ҳам, то ҳол маросими соли падаратро касе нагузарондааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор