Зеҳн
Мизони давр

Китоби Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз се асар – "Васияти пеш аз марг", "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард" иборат буда, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ ва оқибати беэҳтиромӣ ба падару модарро инъикос менамояд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 78 саҳифа

ОилаҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Серёжа, чӣ мехоҳӣ?
  • Худат ваъда карда будӣ, ки дар вақти ба ватанат баргаштан, барои аҳли оилаат 2000 доллари амрикоӣ медиҳам, барои ҳамон омадам. Бо ин пул дар ватан худро муолиҷа карда, боз ба наздат барои хизмат бармегардам.
    Бо шунидани суханони ман ӯ қоҳқоҳзанон хандид:
  • Оҳ, нодони гӯлу гумроҳ! Ту худ медонӣ, ки беморият шифоёбанда нест. Инро маризи силли (туберкулёз) гузаранда меноманд. Шавҳари ман ҳам ба ҳамин беморӣ гирифтор шуда, бо азобу сахтиҳои зор аз олам даргузашт. Боз ту ба назди ман нияти баргаштанро дорӣ?! Дигараш ин, ки дар беморхона, барои табобати ту 3000 доллари амрикоӣ харҷ кардам. Ҳоло ту аз ин ҳисоб аз ман 1000 доллар қарздор ҳастӣ, бояд онро баргардонию баъд ба ватанат раҳсипор гардӣ!
    Аз дасти ту аз биҳишт афканда шудам, Дар пеши Худо хуб будам, ганда шудам. Аз макру фусуну ҳилаву найрангат, Шармандаю шармандаю шарманда шудам. Дар баробари шунидани ин суханони маҳбубаи ба ҷону дилу ҷигар баробарам, чӣ гуфтанамро надониста, сулфа гулӯгирам кард, ки дуру дароз сулфидам ва дар охир ниҳоят дилшикастаю ноумед шуда, чун кӯдак зор-зор гиристам. Аз гиряҳои талх-талхи ман, раҳм дар қалби Белла Годунова асар карду аз сумкачааш 450 доллари амрикоиро бароварда дод:
  • Серёжа, дилам ба ҳоли табоҳи ту сӯхт, ҳаминро гиру ба ватанат баргард. Агар як сухани беҷойи дигар гӯӣ, Арменро ҷеғ мезанам, саратро аз тан ҷудо карда, дар ҳамон чоҳи даҳметрае, ки худат канда будӣ, пинҳонат мекунад. Дар давоми садсолаҳо касе ҷасадатро намеёбаду тифлаконат дар орзуи дидори падар солҳои сол интизорӣ мекашанд.
    Чӣ илоҷ, 450 долларро гирифтаму аз тарс даҳҳо маротиба раҳматаш гуфтам. 200 долларро роҳкиро кардам ва дар давоми шаш соли корию ҷудоӣ аз ватану падару хоҳар ва зану фарзанд аз кишвари Русия бо 250 доллари амрикоӣ ба ватани азиз баргаштам. Дар давоми ин шаш сол, бемории силли гузарандаро аз шавҳари марҳуми Белла Годунова, ҳамроҳи либосҳояш ба мерос гирифта, дар беморхонаи Мачитон шарбати дарди ҳиҷрону ҳасрати бепоёнашро мечашам.
    Дар бистари беморӣ чу бедор шудам, Аз неку бади ҷаҳон хабардор шудам. Бар қадри азизону бузургон нарасидам, Дар ҳасрати зиндагӣ ҳама зор шудам.
    ОҚИБАТИ САФАРИ РУСИЯ
    (аз сафар марази бедаво овард)
    Мани ранҷур, аз таъсири шароити на он қадар хуби қатора дар роҳ сулфаам зиёд шуду хастаю бемадор шудам. Ҳамҳуҷрагони дар қатора будаам, аҳволи зори маро дида, ҳамчун қарзи инсонӣ ёрию кӯмакам мекарданд. Қатораи самти Маскав – Душанбе соати шаши бегоҳӣ дар истгоҳи шаҳри Душанбе омада расид. Мани ҷавони сиюнӯҳсола, шабеҳи пирамарди фартути навадсола ба асодастаам такякунон, аз зинаҳои ҳуҷраи қатора, бо як азоби алиме фаромада, оҳиста-оҳиста қадам гузошта, дар саҳни истгоҳ истода дам гирифтам. Гӯё ман касеро ва ё чизеро меҷустам, лекин касе аз омаданам хабар надошт ва агар хабар медошт ҳам, аз ташрифи нобаҳангомам хурсанд намешуд. Баръакс, чандин хешу таборонро дар ташвишу хиҷолат мемондам.
пешина
аз 78
навбатӣ