Зеҳн
Мизони давр

Китоби Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз се асар – "Васияти пеш аз марг", "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард" иборат буда, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ ва оқибати беэҳтиромӣ ба падару модарро инъикос менамояд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 78 саҳифа

АдабиётОилаҚисса
Аз аввал хондан

Гӯё ман чу Вомиқаму ӯст Узроям, Ҳамчун Юсуфам ошиқи Зулайхоям. Бо гузашти айём, оҳиста-оҳиста осори заифию сустиро дар ҷисму ҷонам эҳсос мекардам. Ӯ ин сустии маро пайхас карда аз куҷое, ба ман доруҳои махсус оварда мехӯронд, ки дар аввал қувваи шаҳвонии пештараамро то як муддати муайян барқарор мекард. Оҳиста-оҳиста ин доруҳо дигар таъсирам накарданду дар ҷисмам сустию лоғарӣ асар кардан гирифт. Рӯз то рӯз лоғар мешудам, гоҳ-гоҳ дурудароз сулфа мекардам ва баъди он ҳарорати баданам баланд шуда, то ба чиҳил дараҷа мерасид.
Ин ҳолати ногувори ман боиси дилсардии Белла гардида буд ва муносибаташ тамоман дигаргун шудан гирифт. Баръакси ман ӯ рӯз то рӯз ҷавону зебо мегардиду чун гули тару тоза мешукуфт. Умуман, се ҳафта мариз шуда, дар беморхона хобидам. Духтурон гуфтанд, ки шушат хунук гирифтааст.
Ин хабарро Белла шунида гуфт:

  • Серёжа, ту мариз ҳастӣ, бемории гузаранда дорӣ ва бояд дар хонаи дигар хоб кунӣ.
    Ҳамин тавр, як моҳ дар бӯстонсарояш, ки 5 км аз хонааш дур буд, хоб кардаму каме ба худ омадам. Дар давоми ин як моҳи ҷудоӣ, аз хоби ғафлати шашсолаам бедор шудам. Ба худ меандешидам:
  • Худоё, ман хобам ё бедор, девонаам ё ҳушёр, ки дар давоми шаш сол ҷисми солиму умри ҷавониямро хазон карда, барбод додам. Ба падари ғамхору хоҳарони меҳрубон ва зани ҷавону фарзандони чашминтизор хиёнат кардам. Дар давоми ин шаш сол ба онҳо ақаллан пули пучаке равон накардаму аз ҳолашон бохабар нашудам. Барои кӣ кор кардам, канӣ музди кори шашсолаам?! Ҳамаашро дар кайфу сафо ва маишат сарф кардам. Дареғ, сад дареғ, хато карда будаам! Акнун ин кайфу сафо заҳри танам мешаваду чун хуну зардоб аз биниям меояд.
    Баъд аз як моҳ, субҳи барвақт аз хоб хеста, дасту рӯямро шуста, ба мошини сари роҳ савор шуда, ба хонааш омадам. Хостам, ки назди Белла рафта, гӯям, ки ба ватан барои табобат гирифтан бармегардам, ту музди ваъдакардаатро деҳ ва ман худро аз ин беморӣ табобат карда, баъди як ё ду моҳ боз ба наздат барои хизмат меоям.
    Вориди ҳавлӣ шуда, тугмачаи дарро зер кардам, ҳеҷ кас дарро накушод. Бори дигар зер кардам, ҳамин тавр бист дақиқа интизор шудам. Ногаҳон, дар кушода шуду як ҷавони қавиҳайкал, дасту остин барзада, дар сари ангуштон корди дудамаеро бозӣ доронда, ба сӯям омада, бо сиёсат гуфт:
  • Ара, чего хочеш? Отвали отсюда, сейчас зарежу! Аз ин вохӯрии нобаҳангом, дасту пой гум карда "Белла, Белла" гуфта, баланд садо кардам. Дар ҳамин вақт дар кушода шуду Белла бо нозу карашма баромада, ба он ҷавони ғӯлмонанди чун ман гӯлу гумроҳ муроҷиат карда гуфт:
  • Армен, зайди домой, я сама с ним разберусь. Армен бо корди дар дасташ буда, бозикунон вориди хонаи хоби Белла шуд. Белла бошад, бо нозу карашма ба ман наздик шуд:
пешина
аз 78
навбатӣ