Мизони давр

Китоби Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз се асар – "Васияти пеш аз марг", "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард" иборат буда, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ ва оқибати беэҳтиромӣ ба падару модарро инъикос менамояд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 78 саҳифа
ОилаҚиссаАдабиёт
Аз аввал хонданВақте ки исми поку муқаддаси модарро ба забон овард, ман дилпур гардида, аз ҷевон шишаро гирифта, даҳони шампонро кушода, дар як қадаҳ рехтаму ба қадаҳи дигар шарбати мандарин рехтам. Ӯ ҳайрон-ҳайрон ба сӯям нигариста, гуфт:
- Чаро дар қадаҳи дигар шароб нарехтӣ?
- Мусулмонзодаам, дар ҳаётам шаробро нанӯшидаам, – гуфтам.
- Йигит, нанӯшида бошӣ, акнун менӯшӣ! Чӣ илоҷ, аз тарсу зарурат нӯшидам, ки аз кор пешам накунад. Баъд хӯрокҳои дуюму сеюмро пайи ҳамдигар кашида, қадаҳ мебардоштем. Баъди холӣ шудани шишаи шампон, ба нӯшидани "коняк" сар кардем. Аз соати шаши бегоҳ то соати дувоздаҳи шаб ҳамроҳи Белла менӯшидему дар атрофи ҳар як ҳодисаю воқеа ва корҳои гузаштаю ояндаи зиндагӣ баҳс мекардем. Дар охир Белла суруди шӯхеро дар фиттаи магнитофон монда, риштаи суҳбатро ба дигар тараф гардонда, аз олами ишқу ошиқӣ гап мезад:
- Шавҳарам панҷ сол пеш аз бемории сил вафот кард. Аз он замон то ба имрӯз ба ягон мард наздик нашудаам ва ҳеҷ касро дӯст надоштаам. Гарчанде чандин ҷавонони аз худам 10-15 сол хурд изҳори муҳаббат карда бошанд ҳам, ман рад кардам. Серёжа, шумо ба шавҳари ман хеле монанд ва мисли ӯ хушрӯю ҳунарманд ҳастед, шуморо дӯст доштам. Шуморо дидаму аз нав ҷавон гаштам ва дар дилам ишқ пайдо шуд, – ниҳоят ба сари мақсад омад зан.
Дар суханони охирини ин зани 55-сола, ки аз ман 22 сол калон буду дар аввал ба ман писар гуфта, муроҷиат мекард, ҳайрон шуда, моту мабҳут мондам. Оҳиста-оҳиста ӯ худашро ба ман наздик кардан гирифт. Ман бошам рамида-рамида, худро дур гирифтам. Ба тадриҷ таъсири шароб ғолиб омаду ақлу ҳушамро тира кард. Дигар чӣ мегузашт, фаҳм карда наметавонистам. Вақте аз хоб бедор шудам, худро дар оғӯши Белла дидам. Хостам, ки оҳиста аз бистар хезам, вале ӯ бедор шуду маро боз сахттар дар оғӯш кашид. Гуфт: - Серёжа, ту ба ман маъқул шудӣ, дар ҳақиқат йигит будаӣ. Аз ҳамин соату аз ҳамин рӯз, ту аз они ман ҳастӣ, туро ба ҳеҷ кас намедиҳам!
Дар ҳақиқат, шаш сол дар хизмати ӯ будам. Ӯ гӯё шоҳзода, парии духтари ҷодугар буду маро сеҳр карда, дар пушти кӯҳи "Қоф" нигоҳ медошт, ки на зану фарзанд, на падару модар ва на ватану зодгоҳ ҳеҷ гоҳ ба ёдам намеомад. Ин зани калонсол дар чашмам чун духтари ҳаждаҳсолаи паризод менамуду дӯсташ медоштам. Кори вазнин намекардам, танҳо вазифаи ошпазию ронандагии ӯро иҷро мекардам. Рӯзона ба мошини тамғаи хориҷӣ савор шуда, ба сайру саёҳат мерафтему субҳу пешину шом таом тайёр мекардам. Аз соати ҳафти бегоҳ то соати ҳафти пагоҳӣ дар бистари гарму нарму гуворо дар "хизматаш" будам ва ҳеҷ хаста намешудам. Белла дар ишқварзӣ чунон сайёди моҳире буд, ки сайди ба домаш афтода ҳеҷ гоҳ аз ӯ дил канда наметавонист. Ҳама гуна тарзу усулҳои ишқварзиро медонист ва иҷро мекард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор