Зеҳн
Мизони давр

Китоби Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз се асар – "Васияти пеш аз марг", "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард" иборат буда, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ ва оқибати беэҳтиромӣ ба падару модарро инъикос менамояд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 78 саҳифа

ОилаҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Модарҷон, ин кас Сабур Собирович, ошпази беҳтарини тоҷик, ҳама гуна таомҳоро ба дараҷаи аъло пухта, тайёр карда метавонад. Дар давоми ҳамин ду рӯзи боқимонда дастархони ҷашнӣ сад фоиз тайёр бошад, – гӯён ба ман муроҷиат кард. Модараш барои ману Борис қаҳваи гарм овард. Қаҳваро нӯшидему Борис хайру хуш карда, ба бӯстонсарой баргашт. Ману Белла Годунова танҳо монда, дергоҳ суҳбат карда нишастем. Ӯ зани сап-сафеди зебо буд, лекин солхӯрда буд. Баъди як моҳ ӯ ҳам рӯзи мавлуд дошт ва ба синни мубораки 55 қадам мемонд.
  • Чӣ хуб, ҳамсоли писарам Борисҷон будаед! Ӯ каме аз шумо калонтар, яъне панҷ моҳу 21 рӯз.
    Баъди аҳволпурсӣ Белла Годунова афзуда гуфт:
  • Сабур, ман туро Серёжа ном мебарам, оё намеранҷӣ?
  • Не, ҳаргиз!
    Ӯ гуфт:
  • Серёжа, медонӣ чӣ, аз ҳама давраҳои ҳаёти инсон, хубтарину беҳтарин, яъне авҷи камолоти мард, ин синни 33-солагии ӯст. Дар ин синну сол мард ба ҳар як кор қодир аст, чуноне ки дар китобҳои муқаддаси мою шумо "Инҷил" ва "Қуръон" оварда шудааст: "Фардо, дар рӯзи растохез, яъне қиёмат, ҳама марду зан дар синни мубораки 33-солагӣ бармехезанд".
    Баъди ҳазлу шӯхӣ, ӯ аз ман хоҳиш кард, ки ин бегоҳ барояш чанд навъ таоми беҳтарин пазаму ҳунари ошпазии худро нишон диҳам. Дар ошхона тамоми намуди озуқа тайёр буд. Ман ҳунари худро нишон доданӣ шуда, се намуд хӯроки беҳтаринро тайёр кардам. Хонаи ин зан ба қасри шоҳона шабоҳат дошт. Таомҳоро тайёр карда, дар сари мизи хонаи хӯрокхӯрияшон дастархон густурдам. Аввал таоми якумро ҳамроҳи дигар газакҳои тайёркардаам ҷо ба ҷо гузоштаму дар ошхона дам гирифта нишастам. Ногаҳон Белла маро ба сари дастархон даъват кард, аммо ман узр хоста рад кардам. Ӯ бори дигар даъват карда гуфт:
  • Ин хонаро аз они худ дон! Мана ин либосҳои хонапӯширо гиру даромада, дар ҳаммом шустушӯй карда, омада дар сари дастархон нишин. Ҳамроҳ хӯроки шомро мехӯрем, ман танҳо хӯрок хӯрданро хуш надорам.
    Ман аз тарс ё ягон ҳисси дигар, хоҳиши ӯро рад карда натавонистам. Сару либоси навро ба даст гирифтам, ки аз он бӯйи муаттари атри фаронсавӣ ба машом мерасид. Дар ҳаммом шустушӯй намуда, либоси навро пӯшидам. Росташро гӯям, худро дар оина қариб буд, ки нашиносам.
    Пас аз кашидани таом, ӯ ба шишаи шампони дар ҷевон истода, ишора карда гуфт:
  • Ту чӣ хел йигити тоҷикӣ, ки шампонро намекушоӣ ва ба зан хизмат намекунӣ?
    Ман суп-сурх шуда, карахт шуда мондам. Росташро гӯям, ҳеҷ гоҳ шароб нанӯшида будаму дар шаробнӯшӣ ба занҳо ҳам хизмат накарда будам. Белла бори дигар бо як табассуми ширину тарзи ҳалимона муроҷиат карда гуфт:
  • Писарам, хиҷолат накаш, шарм надор, ман модарат мешавам, ба ман хизмат кунӣ, соҳиби ҳама чиз, яъне молу сарват мешавию ба хонаат бо пули калон бармегардӣ.
пешина
аз 78
навбатӣ