Зеҳн
Мизони давр

Китоби Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз се асар – "Васияти пеш аз марг", "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард" иборат буда, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ ва оқибати беэҳтиромӣ ба падару модарро инъикос менамояд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 78 саҳифа

ОилаҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Сабурҷон, қариб буд, ки шуморо нашиносам. Чӣ шуд, ки ба ин ҳоли табоҳ афтодаед? – пурсидам аз ӯ.
    Дар чашмони фурӯрафтааш ашк ҳалқа зад ва оҳи ҷигарсӯзе аз қалби пурдард кашиду хост сухане гӯяд, лекин сулфа роҳи нафасашро гирифту дурудароз ларзида, сулфид. Аз таъсири бемории вазнину сулфаи тӯлонӣ аз даҳонаш обу балғами зард ҷорӣ шуд. Бо рӯймолчаи чиркини зарду сиёҳгашта оби лабону ашки чашмонашро пок карда гуфт:
  • Эй бародар, ғурури ҷунунию ҷавонӣ, ҳирсу нафси саркаши дунявӣ гӯлу гумроҳам карду ба гуфти падари дилсӯзу ғамхор ва панди авлиёҳои бешумор амал накардам. Дар дуроҳаи ҳаёти даҳрӣ надонистам, ки кадом аст роҳи ботилу кадомаш ҳақ, на аз пирони ҳақпараст, балки аз арӯси нафси золи дунёпараст гирифтам сабақ. Ҳосил аз амали ин сабақ буд, ки пас шудам ранҷуру бадбахту гадои дарбадар ва лаънаткардаи даргоҳи Ҳаққу зану фарзанд ва оқи падар, ки аз ҳамин сабаб оҳу нола, арзу зораи ман намекунад ба касе асар.
    Ҳар кӣ кор кард, зидди хоҳиши падар, Рӯзаш, чун рӯзи мани гадои дарбадар.
    В-аз зиндагониям шуд ҳеҷ ҳосил, Дар роҳи бад, мукофотам шуд "сил".
    Кардам фаҳшу дурӯғу ҳазл пеша, Задам бар пойи худ сад бор теша.
    Бародарҳо чунин арз дорам имшаб, Ки як ҷони ширин қарз дорам имшаб. Ҳаёту умри ман бигзашт ба хорӣ, Ки шармсорам ба кирду корам имшаб.
    Баъди хондани ин абёти ғамангез боз дурудароз сулфида, ба тафсил давом дод:
  • Дар ҳаёти худ ду хато ва ду гуноҳи азими нобахшиданиеро содир кардам, ки зиёни ин хатоҳою ин гуноҳҳо умри ҷавонамро хазон карда, ба ин ҳоли зоре, ки мебинӣ, оварда расондам. Хатою гуноҳи аввалам, бе розигии падар хонадор шуданам бошад, хатою гуноҳи дувумам, ин бе иҷозати падар азми сафари Русия карданам буд.
    ИШҚИ ЗАНИ РУС ДУНЁВУ ОХИРАТАМРО СӮХТ
    Феврали соли 1996 бе дастури падари ғамхор, зану фарзандонам Ойгулу Акмал ва Юлдузро ба хонаи модарарӯсам Қундузой оварда мондаму ҳамроҳи ду рафиқи кӯчагиям озими шаҳри Маскав шудам. Шаш моҳ сарсону саргардон, дар растаю бозор, ҷангалу бӯстонсаройҳои ин шаҳри азим чӣ азобҳои сангинеро аз сар гузаронида, ташнаю гурусна умр ба сар бурдем. Доимо, аз милиса шаттаю шалоқ хӯрда, он рубли бо азоби алиму заҳмати сангин ёфтаамонро аз тарси ҷон ба онҳо медодем. Гоҳо моҳҳо, чун кирми лойхӯрак, корҳои гуногуни сохтмониро иҷро мекардему аз фиребу найранги миёнаравон ва ё соҳибони бади корхонаҳо, бо баҳонае аз музди меҳнат бенасиб мондем. Ду маротибаи дигар, баъди иҷрои корҳои пурзаҳмати тӯлонӣ бо баҳонаи бардурӯғи паст будани сифати корҳоямон, ба ҷойи гирифтани музди меҳнат қарздор шудем.
    Баъди қарздор шуданамон, як моҳи дигар дар хонаи ҳамон яҳудӣ барои ҷуброни хӯрду хӯрок кори ройгон (бепул)-ро иҷро кардем. Дар корхонаю бӯстонсарои Борис Годунов, ки марди тахминан 32–33-сола буд, ман вазифаи ошпазро иҷро мекардам. Ман ошпази моҳир будам, зеро ки ин касбро ба ман модарарӯсам, Қундузой, ёд дода буд. Таомҳои пухтаи ман ба Борис, ки ҳамсинну соли ман буд, бисёр писанд омад. Дар рӯзи мавлудаш, ки ба якуми май рост омад, маро барои тайёр кардани оши палави тоҷикӣ ба хонааш даъват кард. Хонааш дар шаҳри Орехово-Зуевои назди Маскав ҷойгир шуда буд. Ду рӯз пеш аз ҷашни мавлудаш маро бо мошини тамғаи "Ҷип"-и хизматияш ба хонааш оварда, бо модараш, Белла Годунова, шинос кард:
пешина
аз 78
навбатӣ