Мизони давр

Китоби Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз се асар – "Васияти пеш аз марг", "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард" иборат буда, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ ва оқибати беэҳтиромӣ ба падару модарро инъикос менамояд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 78 саҳифа
Собир, он ранҷу дарде, ки дар пеш интизорат аст, аз чист? Аз он аст, ки дар айёми ғурури ҷавонӣ ба хоҳиши падар итоат накарда, асири шаҳвату завқи нафси ҷавонӣ шудӣ ва он чӣ ки дар ҳаққи падар кардаӣ, акнун аз фарзандат интизор шав!"
Лутфи Ҳақ бо ту муросоҳо кунад, Чун ки аз ҳад бигзарад, расво кунад.
Аз хоб бедор шуда, худро болои ҷойнамоз дидам ва аз қасди қатли ин хабисон худдорӣ намуда, гӯшнашинию танҳоиро дар хонаи бесоҳиби аз падар меросмонда интихоб кардам. Фақат дарду ғамамро бо воситаи ибодату муноҷот ба даргоҳи Худованд, дар гӯшаи танҳоӣ каме сабук мекардам. Баъди ин хоби дидаам, дар ҷустуҷӯйи рӯҳи авлиё се маротиба ба зиёрати оромгоҳи он ғаввоси баҳри маърифат, дурри дарёи ҳақиқат ва пешвои аҳли тариқат, ҳазрати Мавлавӣ Домуллои Сурхиён рафта, зиёраташ кардам. Барои он гуноҳе, ки 30 сол пеш содир кардаам, яъне дар вақти интихоби ҳамсар зидди хоҳиши падар амал карда будам, Ҳазрати Мавлавиро шофеъи хеш оварда, аз даргоҳи Худои мутаъол афв металабидам. Ба дил мегуфтам: "Худованди корсоз, дуои мани мискинро қабул мекарда бошад. Ӯ худ медонад, яке аз номҳояш Қаҳҳор аст, ки ин исм барои хиёнаткорон ҷазодиҳанда хоҳад буд".
ҶАЗОИ ХИЁНАТКОР
Баъди се моҳи танҳоию гӯшанишинӣ, рӯзе муллои деҳа хабар овард, ки Эркини зинокор дар роҳи мошингарди ағбаи Хобу Работи Вилояти Худмухтори Бадахшони Кӯҳӣ ҳамроҳи мошини хизматияш зери тарма монда, маҷақ шудааст.
Баъди шаш моҳ Эркамоҳи хиёнаткор ба бемории хӯрандаи бедаво, яъне окила гирифтор шуд, ки духтурону табибон дар илоҷи ин маризи хӯранда оҷиз монданд. Дар муддати се моҳ ин маризи хӯранда, даҳону забон ва бинию ҳалқашро хӯрд, ки дар натиҷа зерманаҳаш ба устухони сагхоида монанд шуда, ғалтида, кашол шуд. Ҳама хешу наздикон аз ӯ ҳазар карда, ба аёдаташ намеомаданд ва бо ҳамин ҳоли зор дунёи дӯстдоштаашро падруд гуфт. Ин буд ғазабу қаҳри Худои қаҳҳор.
Дар рӯзи маросими соли Эркамоҳ, кампири Васвасабонуи сарватпараст яку якбора дар назди деги оши худоӣ афтида, аз забон монда, карахт шуд, яъне ба маризи фалаҷ гирифтор шуд. Аз таъсири хоби бисёру ин беморӣ, пӯстҳои ҷисми лоғараш, ки пӯсида буд сӯрох шуда, хуну зардоб ба бистари хобаш чакида мечаспид ва ҳангоми аз як паҳлӯ ба паҳлӯи дигар ғелондан, пӯсту гӯшт ганда (пӯсида) шуда, ҳамроҳи кӯрпаю ҷойандоз пора-пора мешуд ва хуну зардоби нав ҷорӣ мегардид. Ҳамин буд нишонаи ҷаҳаннами Асфалассофилин дар ин дунё барои фосиқон. Баъди панҷ соли бистарӣ кампири Васвасабону ҳам дунёи дӯстдоштаашро тарк кард.
Баъди вафоти онҳо маҷбур шудам, ки дубора ба хонаи худам баргардам, зеро парастории шумо, як писару ду духтари хурдсол, ба зиммаи ман вогузор шуда буд. Дар он вақт, агарчи миёнсол будам, ба хотири шумо Сабурҷону Гулғунчаю Фотима, дуюмбора хонадор шуданро нахостам, зеро ки ин фарзандони хурдсол пешпои модарандар нашаванд гуфта, сабурӣ мекардам. Дар давоми 33 сол ман барои шумо ҳам падар будаму ҳам модар, кор карда мехӯрондам, мепӯшондам, мешустам, мепухтам ва ҳам дар айёми хурдиятон тарию хушкии шуморо медидам, ба умеде, ки дар пирию дардмандӣ ва танҳоӣ асои дастам шаведу дастам бигиред.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор