Зеҳн
Мизони давр

Китоби Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз се асар – "Васияти пеш аз марг", "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард" иборат буда, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ ва оқибати беэҳтиромӣ ба падару модарро инъикос менамояд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 78 саҳифа

ОилаҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Дергоҳ гиристам, чунон гиристам, ки чашмонам монанди гули лола суп-сурх шуда, варамида буд. Пас аз андаке ба худ омаданам ба Эркамоҳ рӯй оварда гуфтам:

  • Як қисми пулҳои овардаамро баргардон, то ягон буз ё бузғола гирифта, рафта дар деҳа ба арвоҳи падарам хун кунам.
    Занам бо ситеза чашмонашро сӯям ало карда гуфт:
  • Эй гови гӯлу гумроҳ! Охир, шаб худат дар аввал гуфтӣ, ки ин пулҳоро барои тӯйи суннатии Сабурҷон захира кунед. Наход, ки пули тӯйиро дар кори сиёҳ, маргу мурда сарф кунанд?
    Ман дар ҷавоб гуфтам:
  • Охир, ман як қисмашро барои сарфи тӯй гуфта будам, на ҳамаашро.
    Модарарӯсам, сухани духтарашро тақвият дода гуфт:
  • Эркамоҳ мегӯяд, ки 500 сӯми дигарашро надодаӣ. Дар ҳамон 500 сӯм рафта ягон буз ё бузғола харидан гиред!
    Аз ғазаб, ки дастонам меларзид, гуфтам:
  • Ҳой ғуломони нафс! Охир, ба он 500 сӯм барои шумою духтаратон ва писарам Сабурҷон сару либос харидам, ки шаб ба шумо туҳфа карда будам, дар ёдатон нест? Дар бораи он пулҳо духтарат маро ҳамон шаб ҳисобу китоб кард.
    Ҳайҳот, афсӯс, сад афсӯс, ки суханони ман ба онҳо асар намекард. Бо ду дасти холӣ ба деҳа баргаштаму ҳамроҳи хоҳару домод ва муллои деҳа ба сари мазори падар рафта, дуо карда баргаштем. Баъди ин ҳодиса гӯё маро ҷоду карда бошанд, ки 10 соли дигар дар Помир кор кардаму маошамро ба Эркамоҳ фиристодам. Дар ин давра ду духтари дигар таваллуд шуд. Ҳар се моҳ пас аз кор ба хона бармегаштам.
    Баъдтар аз забони як нафар дӯсти беғаразам фаҳмидам, ки дар набудани ман Эркамоҳу Эркинҷон ишқварзӣ мекардаанду модарарӯсам кампири Зилзила, барои маишату ишқварзии онҳо шароити мусоид фароҳам меовардааст ва аз ҳамин сабаб Эркинҷонро писархонд мегуфтааст. Ба хотири молу сарвати ҳароми дунё, номуси фарзандашро ин пиразол ба гарав монда будааст.
    Баъди ошкор гардидани ин хиёнату ифлосиҳо хостам, ки зану модарарӯсамро қатл карда, абадӣ маҳбус шавам. Шабе пеш аз хоб ду ракат намоз хонда, ба рӯҳи поки ҳазрати Мавлавӣ Домуллои Сурхиён, ки устоди падари раҳматиям буд, бахшидаму дергоҳ гиристам ва ба даргоҳи Худои мушкилкушо муноҷот намуда мегуфтам: "Худоё, гуноҳ кардам, гуноҳи азиме кардам, ки дар вақташ хоҳиши падари бузургворамро рад кардаму духтари эшони мулло Сайидро нагирифтам. Худоё, ба ҳурмати рӯҳи поки Домуллои Сурхиён мушкиламро осон гардон" гуфта, дар болои ҷойнамоз хобам бурдааст. Замоне хоб дидам, ки пирамарди нуроние дар наздам пайдо шуда гуфт:
    Дил меравад зи дастам, соҳибдилон Худоро, Дардо, ки рози пинҳон хоҳад шуд ошкоро…
  • "Хоҷаи лисонулғайб ба дурустӣ мегӯянд, ки ҳама сирру розҳои пинҳон, фардо дар назди Офаридагор ошкоро хоҳад шуд. Собир, ба маънии исмат, ки "собир" аст амал намою сабр намо ва ҷазои Эркамоҳу Зилзила ва Эркини фосиқро ба Худо ҳавола кун. Худо худаш қозиюлқузот аст, ҷазои хиёнаткоронро худаш медиҳаду дар додгоҳи охират ҳақро ба ҳақдор мерасонад.
пешина
аз 78
навбатӣ