Мизони давр

Китоби Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз се асар – "Васияти пеш аз марг", "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард" иборат буда, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ ва оқибати беэҳтиромӣ ба падару модарро инъикос менамояд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 78 саҳифа
ОилаҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан- Эй сангдилҳо, беинсофҳо, маро аз падару модар зиндаҷудо кардед. Бас набуд, ки дар мурдааш хабарам накардед. Чаро сим (занг) назадед ва ё ба дасти Эркинҷони бачахонатон хабарам накардед? Охир, ӯ дар як моҳ ду-се маротиба аз Душанбе ба Помир рафтуомад дошт.
Модарарӯсам бо як оҳанги нарми маслиҳатомез гуфт: - Писарам, Собирҷон, сабр кун, ҳеҷ гоҳ мурда дигар зинда намешавад, аммо фарди зинда бояд корашро идома диҳад. Бо омадани ту, падари худораҳматият зинда намешуд. Шукри зану фарзандонатро ба ҷой ору дар ҳаққи падарат дуо кун, ҳаминаш бас аст. Дар рӯзи фавти падарат хоҳарат ҳамроҳи шавҳари лангаш омада буданд, ки ба шумо занг зада, аз марги нобаҳангоми падарат хабар диҳанд, то ки ту барои харҷи маросими дафну худоӣ ба онҳо ягон сӯм ёрӣ расонӣ. Ману Эркамоҳ ба назди бачахонам Эркинҷон рафта, ҳодисаро шарҳ додем. Ӯ розӣ нашуда гуфт: "Агар Собирро ҷеғ занед, аввалаш ин, ки ба маросими дафн расида омада наметавонад, дуюмаш, ҳоло ӯ пул надорад, сеюмаш, саргардон шуда, аз маоши моҳонаю мукофотпулӣ мемонад. Беҳтараш ҷеғ намезанем". Аз назди Эркинҷон баргашта, хоҳарату шавҳарашро фаҳмонда гуфтем, ки бо омадани Собир мурда зинда намешавад. Ӯ пул-мул надорад, шумо ба имомхатиби масҷиду халқи деҳаатон муроҷиат кунед, онҳо пул ҷамъ карда, дар роҳи Аллоҳ маросими дафну ҳафту чилро мегузаронанд. Онҳо аз ин суханони мо ноумед шуда, гирёну нолон баргашта рафтанд. Ману падарарӯсат бемор будем. Эркамоҳ дар болои сари мо буд, аз ҳамин сабаб дар маросими дафн мо ҳам иштирок карда натавонистем. Дар маросими ҳафту чил бошад, ману занат ҳамроҳи Эркинҷон бо лаълию лаганд ширкат варзидем. Халқи деҳаатон дар масҷид пул ҷамъ карда, маросими 40-ро хуб гузаронидаанд. Боз чӣ мехоҳӣ?! Эй ношукрбанда?!
Аз ин суханони аҳмақонаи модарарӯсам ба ғазаб омада гуфтам: - Лаънат ба пул! Лаънат ба ҳамон Эркинҷони шумо! Чаро маро дар дафни падарам хабардор накардед? Шумо чӣ хел ва чӣ тавр мемурда бошед? Шумо коре кардед, ки мани гӯлу гумроҳро дар назди халқу Худо гунаҳгору шармандаи ҳарду ҷаҳон кардед. Падар ба як ҷаҳон орзую умед, бо заҳмату ранҷҳои бешумор фарзандро ба воя мерасонад, ки дар айёми пирию беморӣ ӯ асои дасташ гардаду дар вақти марг пояи тобуташро бигирад. Мани бадбахт на дар сари турбати падар гириста, ашки мотами меҳри фарзандиро резондаму на пояи тобуташро гирифтам, ки ақаллан аз ҳазор як қарзи фарзандиро ба ҷой орам. Охир, падарам борҳо ба ман панд дода, гуфта буд:
Набошад морро бача ба ҷуз мор, Наёрад шохи бад, ҷуз тухми бад бор… Набошад хуш сафар дар тандурустӣ, Нигар то чун бувад, дар ранҷу сустӣ… Гули наргис накӯ бошад ба дидан, Валекин талх бошад дар чашидан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор