Мизони давр

Китоби Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз се асар – "Васияти пеш аз марг", "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард" иборат буда, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ ва оқибати беэҳтиромӣ ба падару модарро инъикос менамояд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 78 саҳифа
Сабурҷон, ту ба воя расидию хоҳаронат Гулғунчаю Фотима ҳам калонакаку қадрас шуданд. Кӯшиш карда, барои шумо ҳама гуна шароитро муҳайё месохтам, то ки бемодариро ҳис накунеду худро ятим наҳисобед. Гуфтаҳои падари бузургворам, насиҳатҳои Мавлавии Сурхиён, ки дар хобам гуфта буд, ба ёдам омаду хостам, Сабурҷон, туро аз оилаи одамони солеҳу покнажод духтареро хостгорӣ намуда, хонадор кунам. Ҳарчанд насиҳат мекардам, панд медодаму аз ҳаёти атрофиён мисолҳо меовардам, аз тақдири баргашта, зидди хоҳиши падар будӣ. Мегуфтӣ:
- "Ман пул дода зан намегирам ва зани қишлоқӣ ҳам намегирам!". Сабурҷон, ту дар Омӯзишгоҳи рақами 33 шаҳри Душанбе мехондӣ. Пас аз як моҳ маълум шуд, ки ту бо як шарикдарсат, ки Ойгул ном доштааст, шинос шуда, ба ӯ дил бастаӣ. Модари Ойгул, Қундузой, ба шумо ваъда дода буд, ки агар падарат розӣ бошад, шуморо аз ҳисоби маблағи худаш тӯй карда, хонадор мекунад. Охирин маротиба, Сабурҷон, туро даъват карда насиҳаткунон гуфтам, ки эй ҷавони соддаю гумроҳ, ман ҳам дар ҷавонӣ ба сухани падар эътибор надода, ба модари ту хонадор шудам ва як умр аз падару модар ҷудо, сарсону ҳаросон, ба чӣ балоҳое гирифтор нашудам. Биё, аз баҳри ошиқият барою духтари мулло Сайидро аз деҳаи Гулистон, ки наслу насабашон пок аст, хостгорӣ кунам.
Ҷавонию ҷунун аз сар бадар кун, Ба пирӣ хизмати модар, падар кун.
Ҳарчанд насиҳату зорию тавалло кардам, ба ту ҳеҷ асар накард. Ту фақат як суханро такрор мекардӣ: "Агар розӣ шавӣ, ҳамон Ойгул, розӣ нашавӣ, аз хона баромада меравам!". Чӣ илоҷ, аз ночорӣ розигӣ додаму тӯй барпо шуд. Тӯйро модари келин, Қундузой, дар тарабхонаи "Вахш" гузаронд. Дар тӯй падари Ойгул иштирок накард, ту худ медонӣ, сабабаш пас аз овардани келин ба хона маълум гашт.
Эргашбой ду сол пеш аз Қундузой ҷудо шуда, дар шаҳри Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз нав оиладор шуда, зиндагӣ мекардааст. Аз сабабе ки ҷанги бародаркушии шаҳрвандӣ давом дошт, рафту омади байни Ҷумҳурии Ӯзбекистону Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ гардида буд.
Аз зиндагонии якҷояи шумо, Сабурҷону Ойгул, дар давоми чор сол ду тифли дӯстрӯяк, Акмалу Юлдуз ба олами ҳастӣ арзи вуҷуд карданд. Дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ иқтисодиёти кишвару мардум хеле қашшоқ гардид. Аз ҳамин сабаб мардум барои дарёфт кардани қути лоямут даста-даста озими кишвари паҳновари Русия мешуданд.
Бе розигии ман, ту Сабурҷон, ҳамроҳи чанд нафар ошноҳои кӯчагият ба шаҳри Пензаи Федератсияи Русия фирор кардӣ. Дар давоми се сол аз ту на хатею на хабаре ҳаст. Модари Ойгул, Қундузой, омада келину ду набераи ширинамро гирифта бурд ва ҳашт моҳ мешавад, ки ба хона барнагаштаанд. Се моҳ мешавад, ки маризи бистариям, сад бор шукри Худо, ки ҳамсояам Ҳабибуллоҳу завҷааш, Мӯниса то ба дирӯз, ҳар субҳу шом, аз ҳолам хабар гирифта меистоданд. Имшаб, ки онҳо ҳам нестанд, ман ҷонамро ба исми ту, фарзандам Сабурҷон, ба Малакулмавт таслим мекунам. Сабурҷон, наомадӣ, хайр майлаш, ман ҳам дар вақти ҷон додани падарам набудам, дар сари болини падар нагиристам, пояи тобути падарро нагирифтам ва ақаллан як бел хок ба болои қабри падар ҳаво надодам. Шояд ки Акмалҷон пояи тобути туро, Сабурҷон, мегирифта бошад?!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор