Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хонданиндивидуалии ҷоришавии протсессҳои психикӣ (идрок, тафаккур, хотира, хаёл ва ғ.) баҳо медиҳад.
Методи мушоҳида талабҳои худро дорад.
- Объекти мушоҳида бояд дар шароитҳои табиии таълиму тарбия омӯхта шавад.
- Мушоҳидашавандаро бояд аз рӯи принсипи яклухтии шахсияти инсон мушоҳида намуд. Бе таҳлили ҳарҷиҳатаи шахсияти инсон, бе ҷудо намудани ҷиҳату хислатҳои алоҳидаи ӯ ва зуҳуроти махсус омӯхтани объекти мушоҳида имконнопазир аст. Аммо хусусиятҳои алоҳидаи шахс бояд ҳатман дар заминаи умумии шахсияти ӯ омӯхта шаванд. Масалан, таҳлили чунин хислатҳо ба монанди суботкорӣ, ҷасурӣ ё худ танқидӣ будан бе ба эътибор гирифтани дигар хусусиятҳои шахс (масалан, равияи ӯ) нораво аст.
- Маърифати ҳамаҷонибаи шахс бояд дар асоси маълумотҳои объективӣ сурат гирад. Ҳангоми шарҳу эзоҳ ва баҳо додани нишондиҳандаҳои объективӣ ба субъективизму богаразӣ, дар асоси таҳлили сатҳии фактҳои на чандон зиёд ва ё таассуротҳои аввал бо саросемагӣ муайян кардани хислатҳои шахс нораво аст.
Ҳангоми омӯхтани шахс бояд ба фактҳои санҷидашудае такя намуд, ки онҳо дар натиҷаи мушоҳидаи мунтазам, ҳаррӯза ва ба нақша гирифташуда ба даст оварда шудаанд. - Барои фаҳмидани хусусиятҳои психикии шахс зарур аст, ки ӯ дар алоқамандӣ бо шароитҳои ташаккул, бо муҳити иҳотакарда дида баромада шавад. Бояд сабабҳои зуҳуроти ин ё он ҳодисаи психикӣ муқаррар карда шаванд.
- Хусусиятҳои шахс бояд дар тараққиёт дида баромада шаванд ва омӯхтани онҳо чун қоида муддати дарозеро талаб мекунад. Шахс бо дигар шудани шароитҳои ҳаёту фаъолияташ низ дигар мешавад ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор