Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

инкишоф меёбад. Аз ин рӯ на танҳо омӯхтани таърихи тараққиёти шахсияти кӯдак, балки фаҳмидани самтҳои тараққиёт, дидани он чизе, ки барҳам мехӯрад ва он чизе, ки ташаккул меёбад, низ зарур аст.
6) Шахсро бояд дар коллектив ва ҳамчун аъзои коллектив омӯхт.
Омӯхтани шахсияти алоҳида бо омӯзиши хусусиятҳои коллектив бояд баробар сурат гирад.
7) Мушоҳида барои он ки натиҷаи пурқиммат диҳад, зарур аст, ки зуҳуроти гуногуншакли шахс ба эътибор гирифта шавад ва ин зуҳуротҳо дар шароитҳои гуногун мунтазам омӯхта шаванд.
8) Ҳангоми омӯхтани зуҳуроти берунии рафтори кӯдак дуруст фаҳмидани маромҳои (сабабҳои водоркунанда) амалу рафтор зарур аст. Амалҳои зоҳиран ба ҳам монанд аз рӯи маромҳои гуногун иҷро мегарданд ва боиси зуҳуроти гуногуни хислатҳои шахс мешаванд.
9) Мушоҳидаи баёноти нутқӣ низ барои омӯхтани шахсияти одам аз аҳамияти муайян холи нест. Сергап будан ё набудани шахс самимона ё бепарвоёна, оддӣ ё бодабдаба гап задан, мавзӯи дӯстдоштаи ӯ, истифодаи ибораҳо – ҳамаи ин хусусиятҳои нутқ метавонанд бепарвоӣ, дағалӣ, дилсардӣ ё худ баръакс, дилсузӣ, ҳалимӣ ва самимияти шахсро равшан ифода намоянд. Барои чуқуртар фаҳмидани хусусиятҳои индивидуалӣ-психологии шахсияти кӯдак мусоҳиба ё худ суҳбат роли калон мебозад. Суҳбат ҳамчун методи тадқиқотии илмӣ дар асоси чунин принсипҳо ташкил карда мешавад:
а) тадқиқотчӣ набояд дар назди кӯдак ҳамчун одами бегонаю дур намояд, чунки ин метавонад нобоварӣ ва эҳтиёткориро ба вуҷуд орад.

пешина
аз 223
навбатӣ