Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
хусусиятҳои психологии ҳар як давраи синнусолӣ ва хусусиятҳои индивидуалиро меомӯзад.
Психологияи синну сол ба психологияи умумӣ такя мекунад, ки он қонуниятҳои умумии психологиро ошкор менамояд, протсессу ҳолатҳои психикӣ ва хусусиятҳои индивидуалии психологии шахсияти одами аллакай ташаккулёфтаро меомӯзад.
Худ аз худ маълум аст, ки на психологияи синну сол ва на психологияи педагогӣ барои ташкили протсесси педагогӣ тавсияҳои қатъӣ дода наметавонад, вале маълумоту хулосаҳои ба даст овардаи онҳо дар ташкили дурусти кори таълиму тарбия истифода бурда мешаванд.
Педагог ва психологи машҳури рус К.Д. Ушинский дар вақташ дар муқаддимаи китоби худ «Инсон ҳамчун предмети тарбия» ин фикрро чунин таъкид карда буд: «Мо ба омӯзгорон намегӯем, ки ин тавр ё таври дигар рафтор кунед, вале мегӯем: қонунҳои ҳамин ҳодисаҳои психикиеро омӯзед, ки хоҳиши идора намудани онҳоро доред ва ба ҳамин қонунҳо ва ҳамон шароитҳое, ки дар онҳо мехоҳед истифодаашон кунед, сарфаҳм рафта рафтор намоед».
Ин суханон барои духтурон низ аз аҳамият холӣ нест.
Методҳои психологияи синну сол ва педагогӣ
Яке аз методҳои ин соҳаи психология мушоҳида ба шумор меравад. Комилан маълум аст, ки психикаро бевосита мушоҳида кардан ғайриимкон аст. Шахсияти одам ва психикаи ӯ дар фаъолият, амал ва рафторҳо ифода меёбад. Методи мушоҳида маърифати бавоситаи хусусиятҳои индивидуалии психикаро ба василаи омӯхтани рафторҳо дар бар мегирад. Яъне ҳамон вақте, ки психолог аз рӯи нишондиҳандаҳои объективӣ зоҳиран ифодаёфта (амал, рафтор, баёноти нутқӣ, намуди зоҳирӣ ва ғ.) ба хусусиятҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор