Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
томактабӣ роли хотира бештар калон аст ва бо он тамоми функсия ва протсессҳои психикӣ, гуногунӣ ва тараққиёти онҳо алоқаманд мебошанд. Дар синни мактабӣ бошад, оҳиста-оҳиста тафаккур бартарӣ пайдо мекунад ва протсесси хотира, ки бо он алоқаманд аст, тадриҷан характери калимагию мантиқиро соҳиб мешавад.
Вазъияти иҷтимоии тараққиёт ҳамон пайвасти махсуси протсессҳои дохилии тараққиёт ва шароитҳои берунӣ аст, ки он ба ҳар як давраи синнусолӣ хос аст ва ба ҷараёни тараққиёти психикаю пайдоиши хусусиятҳои сифатан навташкил сабаб мешавад. Ташаккули шахсияти кӯдак аз рӯи муносибати байни мавқеи дар системаи муносибатҳои ҷамъиятӣ ишғолкардааш ва хусусиятҳои психологии пеш дар ӯ ташаккулёфта муайян карда мешавад. Аз рӯи ҳамин таносуб ҳамон мавқеи ботинии кӯдак, ҳамон системаи талабот ва хоҳишҳои ӯ ба вуҷуд меояд, ки он қувваи бевосита ҳаракатдиҳандаи тараққиёти хусусиятҳои нави психикӣ мебошад.
Дар психологияи синну сол дар баробари вазъияти иҷтимоии тараққиёт, инчунин фаъолияти пешбарандаро ҷудо мекунанд, ки яке аз омилҳои асосии тараққиёти психикӣ ҳисоб меравад.
Чи тавре ки мебинем, проблемаҳои соҳаи психологияи синну сол гуногунтарафу мураккабанд ва агар алоқаю робитаи масъалаҳои синну сол бо дигар соҳаҳои психология, ба монанди психологияи умумӣ, педагогӣ ва тиббӣ ба эътибор гирифта шавад, он гоҳ аҳамият ва зарурати омӯзиши психологияи синну сол ба духтурони оянда бешубҳа маълум мегардад.
Психологияи синну сол қонуниятҳои умумии тараққиёти психикии кӯдакон, наврасон ва ҷавонон, давраҳои тараққиёти психика,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор