Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

Яке аз масъалаҳои умумии тараққиёти психикии кӯдак, масъалаи муайян кардани синну сол, вазъияти иҷтимоии тараққиёт ва қувваҳои ҳаракатдиҳандаи он ба шумор меравад.
Дар психология ҷудо намудани се давраи зерини асосии тараққиёти психикии мактаббача қабул шудааст: синни хурд, миёна ва калони мактабӣ. Ҳар як давра бо маҷмӯи махсуси шароитҳои ҳаёту фаъолияти хонандагон ва бо сохти ҳамон хусусиятҳои психологие тавсиф дода мешавад, ки онҳо зери таъсири ҳамин шароитҳо ташаккул меёбанд. Дар баробари ин алоқаи байни шароитҳои ҳаёти хонанда ва тараққиёти ӯ характери мураккаби диалектикиро соҳиб аст. Аз як тараф гузаштан ба шароитҳои нави ҳаёт дар рафти тараққиёти пешинаи кӯдак ба вуҷуд меояд ва маҳз ҳамин муваффақиятҳои дар рафти тараққиёт ба даст овардашуда ба ин протсесс имконият медиҳанд. Аз тарафи дигар талабҳои дар давраи нави тараққиёт ба кӯдак пешниҳодшуда ташаккули минбаъдаи психикаи ӯро муайян мекунанд. Дар баробари ин бояд гуфт, ки ҳудудҳои аниқи синнусолӣ вуҷуд надоранд ва таснифоти вуҷуддошта ба даврабандии умумии тараққиёти психикӣ хос аст. Яъне ҳудудҳои синнусолӣ тағйирёбанда буда, онҳо вобаста ба вазъияти ҳаёту фаъолияти кӯдак ва талабҳои аз тарафи атрофиён ба ӯ пешниҳодшаванда дигар мешаванд. Гузариш аз як давраи синну сол ба дигараш протсесси эволютсионӣ набуда, балки як навъ ҷаҳиши диалектикӣ ба сифати нав мебошад, ки бо буҳронҳо ҳамроҳ аст.
Ҳангоми гузариш аз як синну сол ба синнусоли дигар на танҳо функсияҳои алоҳидаи психика, балки таносуб ва сохти онҳо низ пурқувват ва сифатан дигаргун мешавад. Масалан, дар синни ибтидоии бачагӣ (аз 1 то 3-солагӣ) протсесси психикии идрок бартарӣ дорад: дигар протсессу функсияҳои психикӣ (хотира, диққат, тафаккур, эмотсия) маҳз ба воситаи идрок ба вуҷуд меоянд. Барои кӯдакони синни

пешина
аз 223
навбатӣ