Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
Ҳодисаҳои психологӣ ҳамчун маромҳои фаъолияти шахс гуногунанд ва ташаккули чунин маромҳо ба монанди шавқу ҳавасҳои васеъ ва амиқ, ҳисси масъулият, вазифашиносӣ, амри виҷдон дар одамон зарур аст.
Маромҳои ахлоқии рафтор ва фаъолият ҳамеша дар идеалҳои ахлоқие ифода меёбанд, ки ҳамчун намунаҳо барои тақлид намудан хизмат мекунанд.
Равияи шахс монанди дигар хусусиятҳои индивидуалии дар боло зикршуда (қобилият, характер, мизоҷ) дар фаъолият зоҳир мешавад ва ташаккул меёбад.
Шахс – ин ташкилаи таркибан томи психикӣ мебошад, ки моҳияти иҷтимоии одами реалиро ҳамчун субъекти бошуури маърифат ва дигаргунсозии фаъоли олам инъикос мекунад. Ибтидои ташаккули шахс ба синни кӯдакӣ рост меояд, вале ба камолрасии ҳақиқӣ ҳангоми пурра ба муошират бо коллектив ва ҳаёти ҷамъиятӣ даромадани одам, яъне аз синни навҷавонӣ (аз 16-солагӣ) сар мешавад. Дар хусусиятҳои шахсияти одам, чун дар оина, ҳамаи сифатҳои индивидуалии ба ӯ хос инъикос меёбанд.
Рушду камоли шахс дар охири синни ҷавонӣ ва ибтидои синни камолот (20-22-солагӣ) ба вуҷуд меояд, вале такмили он минбаъд ҳам давом мекунад.
Шахс зери таъсири муҳити иҷтимоӣ ташаккулу инкишоф меёбад ва маҳсули он низ ба шумор меравад. Шахс ҳамчун одами зиндаи конкретӣ дорои шуур ва худшиносӣ мебошад. Шуури шахси алоҳида ҳамеша табиати ҷамъиятӣ-таърихиро дорад ва он ба манфиату мақсадҳо ва сиёсати ҳамон ҷамъият, синф ё гурӯҳе вобаста аст, ки одам мутааллиқи он аст. Худшиносӣ ҳамчун дараҷаи олии тараққиёти шуури одам асоси ташаккули фаъолнокӣ ва мустақилии шахсро дар фикру амалҳо ташкил медиҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор