Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
Шахс гуфта индивиди бошууреро меноманд, ки дар ҷамъият мавқеи муайян дорад. Мақом ва вазифаи ҷамъиятии шахс: масалан, нақши табиб – табобати инсон, нақши роҳбари беморхона – идора намудани коллективи табибон, ташкили протсесси табобат, нақши падару модар – тарбияи фарзандон ва ғ.
Ташаккули хусусиятҳои психологии шахс (характер, шавқу ҳавас, майлу хоҳиш, қобилият, мизоҷ) дар рафти ҳаёти одам зери таъсири таълиму тарбия ва муҳити иҳотакардаи ӯ ба вуҷуд меояд.
Ҷиҳати муҳимтарини тавсифдиҳандаи шахс равияи ӯ мебошад, ки мақсад ва системаи маромҳои одам, саъю кӯшишҳои ба ӯ хосро тавсиф медиҳад.
Барои фаҳмидани психологияи шахс талабот, маром ва шавқу ҳавасҳоеро омӯхтан зарур аст, ки одам дар фаъолияти худ онҳоро ба асос мегирад.
Фаъолнокӣ хусусияти дигари муҳими шахс буда, дар ҷараёни фаъолияти ӯ зоҳир мешавад. Аммо одамро чи водор мекунад, ки ҳаракату амал кунад, дар пеши худ мақсад гузорад ва баҳри он кӯшишҳои иродавиро ба харҷ диҳад?
Талаботҳо ҳамин гуна сабабҳое мебошанд, ки одамро ба фаъолият водор менамоянд.
Дар одам талаботи моддӣ (хӯрок, сару либос, манзил ва ғ.) ва маънавиро (талабот ба муошират, хондани китоб, меҳнат, дониш ва ғ.), ки нисбатан пурра шахсияти ӯро тавсиф медиҳанд, фарқ мекунанд.
Фаъолнокии шахс ба қаноатманд гардонидани талаботҳо равона карда мешавад. Талаботҳои одам маҳсули тараққиёти таърихию ҷамъиятии инсоният мебошанд. Дар протсесси ин тараққиёт ҳам талаботҳои моддӣ ва ҳам маънавии одамро ба вуҷуд меомаданд, тағйир меёфтанд ва мураккаб мегардиданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор