Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
Аломату нишонаҳои модарзодӣ дар ҷараёни ҳаёту фаъолият ва меҳнати одам зери таъсири шароитҳои берунӣ – таълиму тарбия тараққӣ мекунанд ва ба ташаккули сифатҳои шахсӣ мусоидат менамоянд.
Қобилияти умумии ақлӣ ва махсусро фарқ мекунанд. Қобилияти умумии ақлӣ чунин системаи сифатҳои ақлии шахс мебошад, ки осонию сермаҳсулиро дар азхуднамоии дониш ва фаъолияти эҷодӣ таъмин менамояд. Ин қобилият на барои иҷрои ягон фаъолияти алоҳида, балки барои фаъолиятҳои гуногун зарур аст.
Қобилияти махсус қобилияте мебошад, ки барои бомуваффақият иҷро намудани ягон фаъолияти муайян, масалан, мусиқӣ, эҷодиёти бадеӣ, математика, фаъолияти бадеӣ-тасвирӣ ва ғ. лозим аст.
Қобилият чунин пайвастагии хислатҳои индивидуалии шахс аст, ки он бо бисёр сифатҳои одам, хусусиятҳои протсессҳои психикии ӯ, хусусан ирода алоқаманд аст ва чунин сифатҳои шахсро, ба монанди корношоямӣ, мақсаднокӣ, нисбат ба худ ва дигарон серталаб будан, меҳнатдӯстӣ ва ғайра ташаккул медиҳад. Аз ин рӯ дар ҷараёни тарбия ва муоширати духтур бо бемор бояд қобилияти ҳар як шахс дониста ва ба ҳисоб гирифта шавад, ки ин муносибати индивидуалии мураббӣ ё духтурро ба ҳар як фард муайян мекунад.
Тавсифи индивидуалнокӣ, яъне такрорнашаванда, ягона ва бемисл будани ҳар як шахс на танҳо фарқиятҳои протсессҳои маърифатӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, соҳаи эмотсионалию иродавӣ, сифатҳои ақл, зуҳуроти мизоҷ, характер ва қобилиятро) нишон медиҳад, балки чунин хусусияти одам – шахсро низ муайян мекунад. Бинобар ин психология дар баробари протсессу ҳолатҳои психикӣ шахсро низ меомӯзад.
Одам на танҳо маҳсули эволютсияи инкишофи олами ҳайвонот, балки маҳсули тараққиёти ҷамъиятию таърихӣ низ мебошад. Аз ин рӯ табиист, ки ба зуҳуроти хусусиятҳои шахс ҳам омилҳои биологӣ ва ҳам омилҳои ҷамъиятӣ (иҷтимоӣ) таъсир мерасонанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор