Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
ТибТаҳсилотИлм
Аз аввал хондан- Хислатҳое, ки дар онҳо равияи шахс ва шаклҳои муносибати ӯ ба ҳақиқат (одамдӯстӣ, некӣ, коллективизм, боодобӣ, эҳтироми худ ва дигарон) ифода меёбад.
- Пуррагии характер, ки он аз гуногун будани шавқу ҳавас ва ҷаҳду кӯшишҳои одам шаҳодат медиҳад.
- Яклухтии характер бо беихтилофӣ ва ягонагии фикр, ҳиссиёт, рафтор ва амалҳо тавсиф дода мешавад.
- Муайянии характер, ки устувории рафтори одамро ифода мекунад.
- Қувваи характер шахсиятро ҳамчун боғайрат, фаъол ва мақсаддор тавсиф медиҳад.
- Устувории характер дар пайдарпаии амалҳо ва матонати одам, дар бошуурона аз паи мақсадҳои гузошташуда будан зоҳир мешавад.
- Мувозинатнокии характер, ки дар ботамкинии одам ва рафтори равони ӯ ифода меёбад.
Ин хислатҳои характер дар таносубҳои гуногун хусусияти шахсро нишон медиҳанд ва ӯро аз дигарон фарқ мекунонанд.
Баъзе одамон вобаста ба фарқҳои индивидуалии қобилияташон ҳангоми як хел будани шароитҳо, донишҳо, малакаҳо, маҳоратҳо ва вақти сарфшуда ба натиҷаҳои гуногун ноил мешаванд.
Қобилият гуфта чунин хусусиятҳои индивидуалӣ-психологии одамро меноманд, ки онҳо талаботҳои фаъолияти муайянро қаноат мекунонанд ва шарти бомуваффақият иҷро намудани он мебошанд.
Қобилиятҳо бо хусусиятҳои табиии одам – аломату нишонаҳои анатомӣ-физиологӣ муайян карда мешаванд. Ин аломату нишонаҳо заминаҳои табиии қобилият ба шумор мераванд ва ба одам имкон медиҳанд, ки ҳангоми кӯшишҳои аввалини бо фаъолияте машғул шудан натиҷаи баланд ба даст оранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор