Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

мешаванд, ки барои ҳамаи аъзоёни он ҳатмӣ мебошанд. Амалҳо аз рӯи дараҷаи фаҳмидашавии мақсадҳо ва натиҷаи амалҳо ба импулсивӣ (беихтиёр) ва иродавӣ тақсим мешаванд. Амалҳои импулсивӣ нопурра фаҳмидашуда, баъди бевосита пайдошавии образҳо, хоҳишҳо ва кӯшишҳо дар шуури одам ба вуҷуд меоянд. Амалҳои иродавӣ мақсадҳои пешакӣ қайдкардашуда ва натиҷаҳои имконпазири пешбинишудаи амалро дар бар мегиранд, ки инсон онҳоро иҷро карданист.
Фаъолиятро маҷмӯи амалҳои дорои мақсади умумӣ ва аҳамияти ҷамъиятӣ дошта ташкил медиҳад. Ҳар гуна фаъолият ба маром ва водоркунандаҳои муайян вобаста аст, ки дониш, ҳиссиёт, хоҳиш ва талаботҳо ба сифати онҳо баромад карда метавонанд. Маром одамро баҳри ба мақсади дар пеши худ гузошташудааш расидан маҷбур месозад.
Дар рафти иҷрошавии фаъолият дар инсон муносибати муайян ба фаъолият ба вуҷуд меояд, ки дар ташаккули он муваффақиятнокии фаъолият, дараҷаи иддаои шахс ва инчунин натиҷаҳои бадастовардашуда аҳамияти муҳим доранд.
Ҷараёни фаъолият бо пайдо шудани хасташавӣ, яъне бо беқувватшавии узви коркунанда ё худ тамоми организм ва бо мондашавӣ – азсаргузаронии хасташавӣ аз тарафи шахс зич алоқаманд аст. Ин азсаргузаронӣ пеш аз ҳама муносибатро ба кор, одати одамро ба фаъолияти ҷисмонию ақлӣ ифода мекунад. Барои бартараф намудани хасташавӣ ба организми инсон истироҳат кардан зарур аст. Дар ин ҳолат ба намуди дигари фаъолият кӯчонидани фаъолияти шуур шакли фаъоли истироҳат шуда метавонад.
Намуди асосии фаъолияти инсон меҳнат ба шумор меравад, вале дар онтогенез намудҳои бозӣ ва омӯзиш аҳамияти ниҳоят калон доранд.

пешина
аз 223
навбатӣ