Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
субъект ва объекти маърифату амал дарк намудан шарти муҳими инкишофи психикии кӯдак, аз он ҷумла қобилияти бошуурона инъикос намудани зуҳуроти чуқуру ниҳонии олами берунӣ мебошад.
Фарқияти асосии психикаи инсон аз ҳайвон дар мақсадноку бошуурона будани он зоҳир мешавад, ки бо фаъолияти меҳнатии ӯ зич вобаста аст. Одам дар протсесси таълим, меҳнат ва муошират қонунҳои олами беруниро, ки ба туфайли онҳо табиат ва ҷамъият тараққӣ мекунанд, дониста мегирад ва бо ин таҷрибаи ҳаётиро меомӯзад, қобилиятҳои ҷисмонию фикрӣ ва сифатҳои шахсии ӯ инкишоф меёбанд.
Амалия дар назарияи маърифат ҳамчун меъёри асосии ҳақиқат хизмат мекунад. Аз ин рӯ дар амалия санҷидани донишҳо зинаи олии протсесси маърифат ба шумор меравад.
Фаъолият шарти муҳими инъикоси олам аст, ки одам дар рафти он ба предмет ва ҳодисаҳои ҳақиқати гирду атроф муносибат мекунад, хосиятҳои онро дониста мегирад ва дурустии донишҳои худро месанҷад.
Шуур ва шахсияти инсон дар фаъолият на танҳо зоҳир мешаванд, балки ташаккул низ меёбанд. Бинобар ин, психология зуҳуроти шахсро дар фаъолият меомӯзад.
Ҳар гуна фаъолият бо ҳаракатҳои содда ва ё мураккабе алоқаманд аст, ки онҳо вазифаи мотории организми зиндаро адо мекунанд.
Ҳаракатҳои модарзодӣ (рефлексҳои ғайришартӣ) ва бадастовардашуда (рефлексҳои шартӣ)-ро фарқ мекунанд. Аксарияти ҳаракатҳое, ки рефлексҳои шартиро ташкил медиҳанд, дар ҷараёни ҳаёти индивидуалӣ (ҳаракаткунӣ дар фазо, бо предметҳо амал кардан ва ғ.) ба вуҷуд меоянд ва ташаккул меёбанд. Ҳаракатҳое, ки бо мақсади муайян ба предмет равона карда мешаванд, амалҳо ном доранд. Амалҳои инсон табиати иҷтимоӣ доранд ва мақсаднокии онҳо бо инкишофи кӯдак боз ҳам устувортар мегардад. Ин амалҳоро рафтори одам меноманд. Дар ҷамъият меъёрҳои муайяни рафтор ва принсипҳои ахлоқӣ кор карда

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор