Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
Психика – инъикоси олами моддӣ аст, ки он ба воситаи майнаи сари инсон амалӣ мегардад. Назарияи маърифат инъикоси олами беруниро ҳамчун протсесси мураккаб медонад, ки зинаҳои муайяни худро дорад.
Ин зинаҳо дар таърифи он бисёр равшан ифода ёфтаанд: "аз муроқибаи зинда ба тафаккури абстрактӣ ва аз он ба амалия – чунин аст роҳи диалектикии маърифати ҳақиқат, маърифати реалияти объективӣ". Баъзе категорияҳои психологияи нормалӣ ва қонуниятҳои фаъолияти олии асаб ба ин зинаҳо мувофиқ меоянд. Се категорияи зерини психологӣ – эҳсос, идрок, тасаввурот – ба зинаи аввали протсесси маърифатӣ дохил мешаванд ва дониста гирифтани алоқаҳои дохилӣ, қонунҳои олами берунӣ ба воситаи тафаккур сурат мегирад, ки одатан дар системаи мафҳумҳо амал мекунанд. Фаъолият ва амалия ҳам сарчашмаи маърифат ва ҳам меъёри ҳақиқат ба шумор мераванд. Мувофиқи таълимоти И.П. Павлов оид ба системаҳои сигналӣ гуфтан мумкин аст, ки системаи якуми сигналӣ ағлабан асоси физиологии зинаи аввали протсесси маърифат, муроқибаи зиндаро ташкил медиҳад ва дар баробари ин системаи дуюми сигналӣ бошад асоси физиологии тафаккури абстрактӣ ба шумор меравад.
Маърифат – ин протсесси беохири ҳаракати инсон аз бехабарию нодонӣ ба дониста гирифтани ҳақиқат аст. Мувофиқи назарияи инъикос таъсироти берунӣ доимо ба воситаи хусусиятҳои ботинии инсон, дониш, таҷриба, талабот, эътиқод ва идеалҳои ӯ мегузаранд. Аз ин рӯ фаъолияти психикии шахс мувофиқи мазмуни худ инъикоси субъективии олами объективӣ аст. Кӯдак одамони гирду атроф, рафтору кирдори онҳоро идрок намуда, ба онҳо баҳо дода, чун ба оина ба одамони дигар менигарад ва бо ин худро чун инсон субъект ва объекти маърифату амал дониста мегирад.
Ҳамин тариқ, психикаи кӯдак дар ҷараёни маърифат то дараҷаи шуури инсонӣ баланд мешавад. Аз худ намудани дониш ва худро чун

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор