Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

вобастагии психикаи инсонро аз олами берунӣ нишон дод. И.П. Павлов фаъолияти бошууронаи инсонро ҳамчун фаъолияти инъикоскунанда дида баромадааст. Ӯ дар тадқиқотҳои худ, ки ба омӯзиши фаъолияти олии асаб бахшида шудаанд, нишон дод, ки асоси ҳаракату амалҳои бошууронаю ихтиёрии инсонро механизмҳои асабии ҳаяҷон ва боздорӣ ташкил медиҳад. Фаъолияти ин механизмҳо на танҳо бо таъсироти ҳозираи олами берунӣ, балки бо нақшу осорҳои пешгузашта дар шуури одам низ муайян карда мешаванд. Ҷамъшавии нақшҳо дар пӯстлоқи нимкураҳои калон дар натиҷаи таъсири пешинаи муҳити берунӣ, ба туфайли "фаъолияти ҷамъбасткунӣ"-и мураккаби пӯстлоқи нимкураҳои калон ба одам имконият медиҳад, ки ин ё он амалро ихтиёрӣ интихоб кунад ё худ онро барои таъсироти нав нигоҳ дорад.
Майнаи сар асоси анатомии системаҳои сигналии якум ва дуюмро ташкил медиҳад, ки онҳо фаъолияти психикии одамро таъмин менамоянд. Системаи сигналии дуюм, яъне нутқ дар фаъолияти психикии одам аҳамияти махсус дорад. Одам маҳз ба туфайли он метавонад ҳамаи шароитҳоро санҷад, амалҳои худро бо принсипҳои ахлоқӣ мувофиқ гардонад ва ҳалли оқилонаро қабул кунад. Системаи сигналии дуюм асоси фаъолияти идоравии одам аст, ки он идоранамоии рафтор ва амали иҷтимоии ӯро ҳамчун аъзои ҷамъият таъмин менамояд.
Тадқиқотҳои психологҳо муайян намудаанд, ки бо тараққиёти системаи сигнали дуюм (нутқ) доираи муоширати кӯдак бо олами берунӣ боз ҳам васеътар мегардад ва дар алоқа бо он ҳамаи сохти психикаи ӯ низ дигаргун мешавад. Психика дар ҷараёни сабзиш ва инкишофи кӯдак на танҳо аз ҷиҳати ҷараён, балки мазмун низ такмил меёбад, ки ин барои фаҳмидан, баҳо додан ба моҳияти предмет ва ҳодисаҳои олами берунӣ ба ӯ имконият фароҳам меоварад ва инчунин ӯро ҳамчун мавҷудияти ҷамъиятӣ ташаккул медиҳад.

пешина
аз 223
навбатӣ