Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
психологиро на ба шакли абстрактӣ, балки дар алоқамандӣ бо намудҳои конкретии фаъолият бояд омӯхт.
4) принсипи таърихӣ. Психика дар натиҷаи эволютсия, тараққиёти олами моддӣ пайдо шудааст ва дар зинаҳои муайяни он мураккабшавии сохти материяи зинда аз мавҷудоти соддатарин ба вуҷуд меояд, ки фақат хосияти мутаассиршавиро ҳамчун амали ҷавобӣ ба таъсири муҳит соҳиб аст. Ин ҳолат то ба олами ҳайвонот, ки дорои системаи асаби мураккаб аст, давом мекунад.
Амали ҷавобии организм ба таъсири муҳит дар ин зинаи тараққиёти материяи зинда дар шакли рефлексҳои ғайришартӣ ва сипас шартӣ зоҳир мешавад. Мураккабшавии сохти майна бо тараққиёти пӯстлоқи нимкураҳои калон вобаста аст, ки дар он алоқаҳои муваққатии мураккаб ба вуҷуд меоянд. Тараққиёти майнаи сар бо пайдоиши системаи сигнали дуюм, яъне нутқ алоқаманд аст, ки онро ягон ҳайвони олӣ надорад.
Психология тараққиёти психика ва шуурро аз ҷиҳати филогенетикӣ ва онтогенетикӣ меомӯзад. Дар ҳолати якум тараққиёти шуур дар давоми таърихи инсоният ва дар ҳолати дуюм тараққиёти шуури индивидуалӣ ва конкретии одами алоҳида дар рафти ҳаёташ омӯхта мешавад.
Вазифаи асосии психология омӯзиши механизм, қонуният ва хусусиятҳои сифатии зоҳиршавӣ ва инкишофи протсесс, ҳолат ва хусусиятҳои психикӣ ҳамчун фаъолияти инъикоскунандаи майна, табиат ва шароитҳои ташаккули хусусиятҳои психикии шахс дар давраҳои гуногуни инкишофи синнусолӣ мебошад.
Табиати материалистии психика ва шуури инсонӣ бо тадқиқотҳои физиологҳои рус И.М. Сеченов ва И.П. Павлов тасдиқ карда мешавад.
И.М. Сеченов пеш аз ҳама дар китоби «Рефлексҳои майнаи сар»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор