Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

Намуди асосии фаъолияти мактаббача омӯзиш аст ва он протсесси ба таври муттасил аз худ намудани дониш, маҳорат ва малакаҳо мебошад, ки барои иҷрои фаъолияти меҳнатӣ заруранд.
Дониш, маҳорат, малака ва одатҳо
Дониши инсон дар бораи олам дар шакли образ, эҳсос ва идрок пайдо мешавад, ки дар натиҷаи таъсири предметҳои олами берунӣ ба узвҳои ҳиссӣ ба вуҷуд меояд. Инро дониши ҳиссӣ мегӯянд. Дараҷаи баландтарини маърифат, ки бо протсессҳои тафаккур, бо истифода бурдани мавҳуму тасаввурот алоқаманд аст, маърифати мантиқӣ мебошад.
Барои иҷрои ин ё он навъи фаъолият дониш дар бораи предмет ва системаи амалҳое, ки ба мақсад расиданро таъмин мекунанд, зарур аст.
Фаъолият аз маҳорат ва малакаҳо иборат аст. Чунин маҳоратҳоро фарқ мекунанд: содда – ин амалҳоеанд, ки дар асоси истифодаи донишҳо ё худ дар натиҷаи тақлид намудан ҳосил мешаванд ва маҳоратҳои мураккаб, ки дар асоси малакаю донишҳои такмилдодашудаю мустаҳкамгардида ба вуҷуд меоянд.
Малака тарзи устуворгардидаи амал мебошад. Асоси аксарияти малакаҳоро амалҳои фаҳмидашудае, ки дар натиҷаи машқ намудан автоматӣ мегарданд, ташкил медиҳанд. Машқ иҷрои мақсаднок ва бисёркаратаи амал аст, ки бо мақсади такмил додани он истифода мешавад.
Якчанд намуди малакаро ҷудо мекунанд: ҳаракатӣ, фикрӣ ва сенсорӣ. Ташаккули ин малакаҳо дар як хонанда барои иҷрои бомуваффақияти ҳар гуна фаъолият зарур аст. Ҳангоми ҳосилшавии малакаҳо чунин ҳолатҳо мушоҳида мешаванд:

  1. Кӯчонидани малакаҳо, яъне таъсири мусбати малакаҳои пештар азхудкардашуда барои азхуд кардани малакаҳои нав;
пешина
аз 223
навбатӣ