Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

шинохтан, ки оҳиста-оҳиста сурат мегирад, аксар вақт ба бахотираоварӣ монанд аст ва монанди он протсесси мураккаби фикрию иродавӣ ба шумор меравад.
г) Фаромӯшкунӣ дар ду шакл зоҳир мешавад: 1) ҳангоми шинохта нашудан ё ба хотира оварда натавонистани ҳодисаю предметҳо; 2) ҳангоми нодуруст шинохтан ё нодуруст ба хотира овардани объект.
Дараҷаи фаромушкунӣ дар ин ё он ҳолат метавонад гуногун шавад. Ба хотира оварда натавонистан маънои шинохта натавонистанро надорад.
Яке аз дараҷаҳои сусти протсесси фаромушкунӣ маҳз дар ҳамин аст, ки одам чизи идроккардаашро аз нав ҳосил карда наметавонад, вале онро шинохта метавонад. Дуюм, ба хотира овардан ё шинохта натавонистан метавонад кӯтоҳмуддат шавад: ҳамин хел ҳам мешавад, ки одам материали дар айни ҳол зарурбударо ба хотира оварда наметавонад, вале он чизро баъди гузаштани муҳлати муайян метавонад ба хотира оварад. Ин ҳодисаро реминиссенсия меноманд. Шакли дуюми фаромушкунӣ бахотираоварии нодуруст ва нодуруст шинохтан мебошад. Материали аз тарафи мо идрокшуда бо мурури вақт дар хотираамон возеҳӣ ва аниқии худро гум мекунад, тираю номуайян мегардад. Инчунин моҳияти протсесси фаромушкуниро мувофиқат накардани материали ба хотира овардашуда бо ҳақиқати пеш дарккардашуда ташкил медиҳад.
Протсесси фаромушкунӣ бо суръатҳои гуногун мегузарад: материал баъди идрок шудан дар аввал зуд ва сипас суст фаромуш

пешина
аз 223
навбатӣ