Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

статистикӣ, калимаҳои иқтибосӣ ва ғ. ҳамин тавр ба хотира гирифта мешаванд. Ассотсиатсия аз рӯи паиҳамӣ асоси бахотирагирии механикӣ мебошад. Бахотирагирии маъногӣ бошад бо протсессҳои тафаккур алоқаманд буда, ба фаҳмиши мазмуни материал ва алоқаҳои мантиқии байни қисмҳои он такя мекунад. Ин ду намуди бахотирагирӣ ба ҳамдигар печидаанд, вале бахотирагирии маъногӣ нисбат ба механикӣ сермаҳсултар аст. Бояд қайд кард, ки ҳатто идроки яккаратаи материал ҳангоми бахотирагирии маъногӣ нокифоя аст. Аз ин рӯ материали омӯхташаванда бояд аз рӯи мазмун якчанд маротиба такрор карда шавад. Роли такрор ҳангоми ба хотира гирифтани номҳо, рақамҳо ва ғ. бештар калон аст.
б) Азнавҳосилкунӣ беихтиёр ва ихтиёрӣ мешавад. Ҳангоми азнавҳосилкунии беихтиёр образ, фикр, калима ва ҳиссиёт бе майлу кӯшиши иродавӣ ба хотира оварда мешавад. Аз паҳлӯи театр гузашта, мо метавонем номи намоишномаеро, ки ба наздикӣ дида шуда буд, ба хотир оварем, ҳарчанд фикри мо пеш аз он ба дигар чиз банд буд.
Азнавҳосилкунии ихтиёрӣ дар натиҷаи мавҷуд будани мақсади фаъолу шуурона пайдо мешавад. Баъзан ин азнавҳосилкунӣ бе восита, бе ҳеҷ гуна кӯшишҳо якбора рӯй медиҳад. Шеъри хуб азёдкардашуда ҳамин тавр ба осонӣ ба хотира оварда мешавад. Протсесси бахотираоварӣ дар ягонагии зич бо протсессҳои тафаккур буда, бо шиддати муайяни системаи асаби одам алоқаманд аст ва кӯшишҳои муайяни иродавиро талаб мекунад.
в) Протсессҳои шинохтан байни худ пеш аз ҳама бо дараҷаи муайяниашон фарқ мекунанд. Мавридҳое, ки дар мо фақат ҳисси шиносоии объект ба вуҷуд меояд, вале онро бо ягон чизи конкретии дар таҷрибаи гузашта буда монанд карда наметавонем, он гоҳ нопурра шинохтани он рӯй медиҳад. Шинохтан, баръакс, дар мавридҳои дигар бо пурра муайян буданаш (шинохтани пурра) фарқ мекунад. Протсесси

пешина
аз 223
навбатӣ