Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

мешавад. Ба ҷуз хусусиятҳои материали омӯхташаванда ва идроки он, ки боиси фаромушкунӣ мешавад, боз чунин сабабҳоро номбар кардан мумкин аст:
а) такрор накардан; б) таъсири манфие, ки фаъолияти баъди азхудкунӣ омада ба нигоҳдории материал дар хотира мерасонад.
Протсессҳои хотира дар одамон ба таври гуногун зоҳир мешаванд.
Ин фарқият дар сермаҳсулии азёдкунӣ ва типҳои хотира мушоҳида мешавад. Суръат, бардавомӣ, аниқии бахотирагирӣ ва инчунин тайёрӣ ба протсесси азнавҳосилкунӣ фарқияти одамонро дар сермаҳсулии азёдкунӣ ифода мекунад. Фарқияти одамон аз рӯи типҳои хотира дар он ифода меёбад, ки мавод чӣ тавр аз тарафи онҳо ба хотира гирифта мешавад: биноӣ, шунавоӣ, ё бо воситаи ҳаракатҳо (типи биноӣ, типи шунавоӣ, типи ҳаракатӣ). Типҳои хотираро бояд аз намудҳои он фарқ кард.
Намудҳои хотираи одамон аз рӯи он, ки чӣ ба хотира гирифта мешавад, муайян мегардад. Типҳои хотира чӣ тавр ба хотира гирифтани маводро ифода мекунад. Аз ин рӯ типҳои хотира ифодакунандаи хусусиятҳои фардии одамон мебошанд. Одатан одамон ҳамаи намудҳои хотираро соҳибанд, вале ба ҳар одам фақат ягон типи муайяни хотира хос аст. Инчунин одамони дорои хотираи фавқуллода мавҷуданд, ки онҳо аз дигарон бо дараҷаи баланди бомуваффақият ба хотира гирифтан ва аз нав ҳосил кардани материал фарқ мекунанд. Хусусияти индивидуалии хотира бо хусусиятҳои шахс алоқаманд аст. Бояд қайд кард, ки одамони хотираи хуб дошта на ҳама чизро ба хотира мегиранд ва одамони хотираи бад дошта на ҳама чизро фаромуш мекунанд, чунки хотира характери интихобкунанда дорад. Хотира ба шавқу ҳаваси шахс вобаста аст. Материали ба шавқу ҳаваси шахс мувофиқбуда зуд ва бардавом ба хотира гирифта мешавад. Чунин сифатҳои муҳимтарини хотира мавҷуданд: суръати бахотирагирӣ, бардавомии бахотирагирӣ ва

пешина
аз 223
навбатӣ