Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
Бахотирагирии ихтиёрӣ ҳам тарзи механикӣ ва ҳам тарзи маъноӣ дорад.
2) Дар хотира нигоҳ доштани он чизе, ки азёд карда шудааст.
3) Азнавҳосилкунии материали бахотирагирифташуда ё азёдшуда.
4) Шинохтан. Ҳангоми такроран идрок намудани ягон ҳодисаи дар таҷрибаи пештараи мо ҷой дошта, ҳисси шиносоӣ пайдо мешавад, ки асоси шинохтан шуда хизмат мекунад.
Хотира инъикоси пассиви ҳақиқати объективӣ намебошад. Мо аз ҳамаи он чизе, ки дарк кардаем, ҳамонашро ба хотира мегирем, ки барои қонеъ гардонидани талабот ва ҳалли масъалаҳои пешниҳодкардаи амалия зарур аст. Протсесси аз нав ҳосилкунӣ низ ба тарзи фотографӣ нусхабардор кардани ҳодисаҳои гузашта бо тамоми рӯйдодҳояш намебошад. Вай характери фаъолро дошта, аз тарафи одам мувофиқи вазифаҳои дар пешаш гузошташуда ташкил карда мешавад. Аз ин рӯ протсессҳои хотира характери мақсаднокро дошта, бо ирода, талабот, шавқу ҳавас ва эмотсияҳои одам зич алоқаманданд. Бахотирагирӣ, азнавҳосилкунӣ, шинохтан фаъолияти мураккаби психикӣ ба ҳисоб мераванд, ки бо намудҳои гуногуни протсессҳо ва умуман бо шахс зич алоқаманданд. Хотира асоси протсессҳои дигари психикӣ мебошад. Хотира – ин қувваест, ки ба туфайли он тараққиёти психикӣ ба вуҷуд меояд. «Бе хотира, – мегуфт И.М. Сеченов, – эҳсос ва идроки мо баробари пайдо шуданашон беасар нест шуда, одамро дар ҳолати навзод мемонданд».
Хотираи одам вобаста ба иштироки бартаридоштаи ин ё он анализатор метавонад биноӣ, шунавоӣ, ҳаракатӣ ва омехта шавад. Одами типи хотираи биноӣ дошта материали азёдкардашударо асосан бо ёрии образҳои биноӣ хотира мегирад ва аз нав ҳосил мекунад, баръакс, одами бо типи хотираи ҳаракатӣ фарқкунанда ҳангоми протсесси азёдкунӣ ва азнавҳосилкунӣ бо тасаввуротҳои ҳаракатӣ такя

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор