Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

мекунад. Ба типи омехтаи хотира хотираи одамоне тааллуқ дорад, ки дар онҳо инкишофи бартаридории ин ё он намуди хотира мушоҳида намешавад ва онҳо ба дараҷаи баробар якчанд намуди хотираро (типи биноӣ-шунавоӣ, ҳаракатӣ-шунавоӣ ва ғ.) истифода мебаранд. Тааллуқ доштан ба ин ё он тип аксар вақт ба амалияи азёдкунӣ вобаста аст. Аз ин рӯ типҳои хотираро ба туфайли машқдиҳӣ инкишоф додан мумкин аст.
Вобаста ба он, ки маҳз чӣ ба хотира гирифта мешавад, чор намуди хотираро фарқ мекунанд: ҳаракатӣ, эмотсионалӣ, образӣ, калимагӣ-мантиқӣ. Ҳамаи ин намудҳои хотира дар алоқамандии байниҳамдигарӣ мебошанд. Бахотирагирӣ ва азнавҳосилкунии ҳаракатҳо ва системаи онҳо хотираи ҳаракатӣ ё моторӣ мебошад. Ин намуди хотира асоси ҳосил кардан ва ташаккул додани малака ва одатҳои ҳаракатӣ мебошад. Барои аз худ кардани ягон амал ба хотира гирифтани ҳаракатҳо зарур аст. Ҳар як одам тарзи ба худ хоси иҷрои ҳаракатҳоро дорад, ки ин ба дараҷаи мустаҳкаму бардавом ба хотира гирифтани онҳо вобаста аст.
Азнавҳосилкунии аниқ ва осони ҳаракатҳо ба шароитҳое вобастаанд, ки одатан дар онҳо ҳаракатҳо иҷро мешаванд. Хотираи ҳаракатии кӯдакон дар моҳи аввали ҳаёташон зоҳир мегардад. Ба хотира гирифтан ва аз нав ҳосил кардани ҳиссиёти аз саргузаронидашуда хотираи эмотсионалӣ мебошад. Фикр дар бораи ҳиссиёте, ки ягон ҳодиса боиси пайдоиши он шудааст, ёддошт дар бораи худи ҳамин ҳодиса, намуди предмет, одам, ки пеш ин ё он ҳиссиётро ба вуҷуд овардааст, метавонад аз нав ҳамон ҳиссиётро пайдо кунонад. Ҳиссиёти аз нав ҳосилшуда ё худ дуюмбора аз аввала хеле фарқ карда меистад. Ин чи дар тағйирёбии қувваи ҳиссиёт ва чи дар дигаршавии мазмуну характери онҳо метавонад ифода ёбад.
Ҳиссиёти аз нав ҳосилшуда аз рӯи қувва нисбатан ба ҳиссиёти аввала метавонад сусттар ё зӯртар зоҳир гардад. Зуҳуроти аввалини хотираи эмотсионалӣ дар охири нимсолаи якуми ҳаёти кӯдак ба вуҷуд меояд.
Зуҳуроти ибтидоии хотираи эмотсионалӣ аз зуҳуроти дертар ба вуҷуд омадааш

пешина
аз 223
навбатӣ