Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

электрикии ҳуҷайраҳо асоси физиологии бахотирагирӣ мебошанд. Моҳияти фарзияи биохимикӣ дар он ифода меёбад, ки дар даври якум баъди таъсири ангезанда дар майна мутаассиршавии кӯтоҳмуддати электрохимикӣ ба вуҷуд меояд, ки он дар ҳуҷайраҳои асаб боиси пайдо шудани дигаргуниҳои бозгарданда мешавад (бахотирагирии кӯтоҳмуддат). Сипас дар давраи дуюм мутаассиршавии биохимикӣ ба вуҷуд меояд, ки дар натиҷаи он протеинҳои нав ҳосил мешаванд ва ин аз дигаргуниҳои барнагардандаи химикӣ дар ҳуҷайраҳо шаҳодат медиҳад (хотираи дарозмуддат). Тарафдорони назарияи химикӣ тасдиқ мекунанд, ки зери таъсири ангезандаҳои берунӣ аз нав гурӯҳ-гурӯҳшавии молекулаҳои сафедаи нейронҳо, аз ҷумла кислотаҳои нуклеиновӣ ба вуҷуд меояд.
Вазифаи психология пеш аз ҳама нишон додани моҳияти хотира ҳамчун яке аз таркибҳои муҳими шахс ба шумор меравад. Моделиронии хотира бо воситаи технологияҳои нав, назариятҳои химикӣ ва электрикии хотира фақат донишро оид ба механизмҳо боз ҳам васеътар мекунад, вале дар инкишофи хотираи одам мадади бевосита муҳиме расонида наметавонад.
Идрок, фикр, ҳиссиёт, шаҳду кӯшиш, ҳаракат ва амалҳое, ки дар таҷрибаи гузаштаи одам ҷой доштанд, беосор нест намешаванд, балки дар шакли дигар образҳои хотира, ба ном тасаввурот ва мафҳумҳо боқӣ мемонанд ва ба таври узвӣ ба фаъолияти минбаъдаи психикӣ ҳамроҳ мешаванд. Хотира фаъолияти мураккаби психикӣ мебошад ва дар он протсессҳои зеринро фарқ мекунанд.

  1. Бахотирагирии предмету ҳодисаҳои даркшаванда.
    Бахотирагирии ихтиёрии мақсаднок, ки дар асоси истифода бурдани усулҳои муайян ташкил карда шудааст, азёдкунӣ ном дорад.
пешина
аз 223
навбатӣ