Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
МАФҲУМИ ХОТИРА, ТАВСИФИ РАВАНДҲОИ ХОТИРА
Қобилияти ба хотира гирифтан, дар хотира нигоҳ доштан ва минбаъд аз нав ба хотира овардан хотира номида мешавад. Хотира асоси ҳар гуна протсесси психикӣ мебошад. Бе иштироки хотира дар ҷараёни маърифат мазмуни эҳсос ва идрок ҳамеша чун бори аввал рӯйдода ҳис карда мешавад. Аз ин рӯ бе хотира мавқеи худро дар олами иҳотакарда муайян кардан ва инчунин дониста гирифтани он имконнопазир аст. Роли хотира дар протсесси тафаккур бузург аст.
Инкишофи тафаккур бе бахотирагирӣ, нигоҳдорӣ ва азнавҳосилкунии таҷрибаи ҳаётӣ номумкин аст. Малака, одат, умед, хоҳиш ва идеалҳои шахс ба туфайли хотира вуҷуд доранд. Хотира ягонагӣ ва яклухтии шахсияти инсонро таъмин мекунад, бинобар ин заволи хотира заволи шахс аст.
Дар бораи механизмҳои физиологии хотира фарзияҳои гуногун вуҷуд доранд. Мувофиқи фарзияи нисбатан қадим ҳар як таассуроти психикӣ дар субстансияи майнаи сар осори дарозмуддат мегузорад, ки онро ба осори дар пластинкаи фотографӣ муқоиса кардан мумкин аст.
Аз нуқтаи назари физиологӣ ассотсиатсияҳо ба мустаҳкамшавии осори ҳаяҷон таъсир мерасонанд ва онҳо алоқаҳои муваққатии асабиро ифода мекунанд. Мо ҳангоми ягон чизи навро ба хотира гирифтан, одатан онро бо таҷрибаи доштаамон алоқаманд мекунем. Бе ин алоқаҳо ё ассотсиатсияҳо фаъолияти хотира имконнопазир аст. Таҳқиқотҳо доир ба рефлексҳои шартӣ тасаввуротро дар бораи асоси анатомию физиологии осор боз ҳам ғанитар гардониданд. Рефлекси шартӣ, ки алоқаи байни мазмуни нав ва пешинаро ба вуҷуд меоварад, асоси физиологии протсесси бахотирагириро ташкил медиҳад. Назариятҳои зиёди хотира мавҷуданд. Мувофиқи назарияи физикӣ протсессҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор